Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии дину эътиқод дар ҳадди муаяйн вуҷуд дорад. Хонум Нозило 10 рӯз бо ҳадафи арзёбии вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар поёни сафараш, рӯзи 20-уми апрел Радиои Озодӣ бо ӯ сӯҳбате анҷом дод.
Сокинон мегӯянд, барои таҳияи дастурхони одии идона дар Тоҷикистон як моҳа маоши миёна кифоят намекунад.
Мусалмонони Тоҷикистон ба таҷлили иди Рамазон омода мешаванд, ки ду рӯз баъд, 21-уми апрел фаро мерасад. Таҳияи дастархони идона як бахши муҳими ид аст, ва рӯзи чоршанбе нархи бозор бисёр харидорони бозорҳои Душанберо нороҳат гузошт.
"Хоб будем. Соҳиби хона дари моро зад, ки бино месӯзад, ба берун бароед. Ҳоло маҷбур ҳастем, ба хонаи ягон шинос равем."
Сафири тозатаъйини Амрико дар Тоҷикистон дар нахустин дидораш бо журналистон гуфт, Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ ба ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва озодии баён мусоидат хоҳад кард.
Зайниддин Убайдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, хабари босуръат поин шудани қурби рубли русиро шунид ва нигаронияш афзуд. Ду писараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва ҳар моҳ барои чархондани зиндагии оила ба ӯ рубл мефиристанд.
Як гузориши Радиои Озодӣ модар ва чор фарзандро дар Душанбе соҳиби хона кард. Саломат Раҷабова аз зиндагӣ дар хонаи хусусӣ ҳаловат мебарад.
Баъзе аз сокинон пайваста кори ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро танқид мекунанд. Яке аз беадолатӣ шикоят дорад, дигаре аз бекорӣ ва бархӯрди номуносиби мансабдорон бо мардум. Хабарнигорони Озодӣ аз чанд роҳгузар пурсиданд, ки агар ба ҷойи яке аз вазирону раисон мебуданд, чиро дигар мекарданд?
Дар назди як мардикорбозори Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карданд. Дар он садҳо ҷойи кор пешниҳод шуд. Вале шумори корҷӯён дар ин ярмарка хеле кам буданд. Мардикорон ва бекорон аз чунин маъракаҳо умеди зиёд надоранд.
Лоиқ Раҷабов дуввумин варзишгар аз Тоҷикистон дар ташкилоти маъруфи UFC ният дорад, моҳи июн дубора ба майдон барояд.
Хабари омадани ҳайати Толибон ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, ки мақомот онро тасдиқ ё рад намекунанд, вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.
Охири ҳамин моҳ афсарони милиса, неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар кормандони ниҳодҳои интизомӣ музди кори баландтар мегиранд, ки дар муқоиса ба музди пешинаашон аз 20 то 25 дар сад зиёд аст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки музди корашон ба зиндагӣ мерасад ва музди кори хуб чӣ қадар аст. Яке гуфт: “ Аз куҷо мерасад, намерасад. Посухи дигар ингуна буд: “Ман Русия меравам, се баробар кор мекунам.” Бақияи посухҳои ҷолибро худатон бубинед.
Қисмати дуввуми хотираҳои Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар нашр шуд.
Дар ҳоле ки мақомот солҳо боз роҳи муҳоҷиронро ба Корея ҳамвор карда наметавонанд, масъулони ширкати “Душанбе Моторс” иддао доранд, ки ҳар сол аз 3 то 10 ҳазор нафарро хоҳанд фиристод. Аммо, ба гуфтаашон, муҳлати сафар маҳдуд аст ва аз ҳоло дар бораи бозгашти саривақтии муҳоҷирон нигаронӣ ҷой дорад.
Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев баъд аз ҳунарнамоии аввалин ва пирӯзияш дар созмони UFC ба Тоҷикистон баргашт. Хабарнигори Радиои Озодӣ ӯро дид ва дар бораи сабқаташ, мушкилиҳо, ҷоиза, ғорат ва нақшаҳои минбаъдааш пурсид.
Сокинони Тоҷикистон ба мисли қабл ба осонӣ наметавонанд меху дигар масолеҳи сохтмонӣ бихаранд. Дар баъзе мағозаҳо мехро бидуни шиноснома намефурӯшанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд, аммо баъзе фурӯшандаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати бидуни шиноснома фурӯхтани мех ҷазо хоҳанд гирифт. Чаро?
Сокинони Тоҷикистон мисли қабл ба осонӣ наметавонанд меху дигар масолеҳи сохтмонӣ бихаранд. Дар баъзе аз мағозаҳо мехро бидуни шиноснома намефурӯшанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд, аммо баъзе фурӯшандаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати бидуни шиноснома фурӯхтани мех ҷазо хоҳанд гирифт. Чаро?
Тоҷикистону Қазоқистон додугирифти наверо ба роҳ монданд, то яке сабзавоти баҳорӣ, аз ҷумла пиёз дошта бошад, дигарӣ гандум. Ду тараф сари ҳамин масъала чанде пеш гуфтугӯ кардаанд. Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо баҳонаи онки “ҳоло оғози кор аст”, ҷузъиёт надоданд.
Ёфтҳои бештар