Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Тоҷикистону Қазоқистон додугирифти наверо ба роҳ монданд, то яке сабзавоти баҳорӣ, аз ҷумла пиёз дошта бошад, дигарӣ гандум. Ду тараф сари ҳамин масъала чанде пеш гуфтугӯ кардаанд.
Як гуруҳи мутахассисон санҷиши биноҳои навбунёду баландошёнаро дар Душанбе ва ду шаҳри дигари Тоҷикистонро сар кардаанд, ки оё ба заминларза тобоваранд ё не. Санҷиш то нимаи моҳи март идома хоҳад кард. Кумисюнро пас аз заминларзаи харобиовар дар Туркия таъсис доданд.
Дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон шарту шароити созишномаи наверо баррасӣ кардаанд, ки қарор аст, ҳамкориҳои ду тарафро ба сатҳи баландтаре бардорад.
Дар Тоҷикистон, ки ҷудошавии оилаҳо боис ба нигаронӣ шудааст, боҷи давлатиро барои қатъи ақди никоҳ 7 баробар боло бурданд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё занаш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Пештар ин маблағ 68 сомонӣ буд. Оё ин метавонад ҷуфтҳоро аз ҷудоӣ боздорад?
Дар Тоҷикистон, ки масъулин аз афзоиши ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, боҷи давлатӣ барои қатъи ақди никоҳро 7 баробар боло бурдаанд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё ҳамсараш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Аммо оё ин метавонад ҷуфтҳоро аз роҳи ҷудоӣ гардонад?
Муовини мудири Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико, Изобел Коулман, рӯзҳои 17-18-уми феврал дар Тоҷикистон буд. USAID яке аз кумакрасонҳои асосӣ ба Тоҷикистон аст.
Муовини мудири Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико, Изобел Коулман, рӯзҳои 17-18-уми феврал дар Тоҷикистон буд. USAID яке аз кумакрасонҳои асосӣ ба Тоҷикистон аст. Дар бештар аз сӣ сол зиёда аз 700 миллион доллар додааст.
Раҳбари Кумитаи кор бо занон аз пахши навори “истинтоқ”-и келин аз сӯи хушдоман дар Интернет, ки боиси сарусадои зиёд шуд, норозигӣ кард. Ӯ иддао дорад, ки пахши чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.
Раҳбари Кумитаи занон аз нашри навори келини ситамдида дар Исфара, ки сарусадоҳои зиёдеро барангехт изҳори норозигӣ кард.Ӯ иддао дорад, ки нашри чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои пешгирӣ аз хато дар номи ширкатҳо соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз ташхиси забоншиносӣ гузаранд. Пешниҳоди мазкур баҳсҳоро дар бораи эҷоди монеаи дигар дар роҳи соҳибкорӣ барангехтааст.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз хатову ғалат дар номи ширкатҳо, соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз санҷиши забон гузаранд.
Раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иддао дорад, ки барои роҳ ёфтани сарояндаҳои маъруф ба телевизионҳои давлатӣ монеае вуҷуд надорад. Бархе овозхонҳои шинохта бар инанд, ки онҳоро дар телевизионҳои кишвар нишон намедиҳанд ва ин амали мақомот барояшон муаммо боқӣ мондааст.
Масъулони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯянд, барои намоиш додани ин ё он шахс дар ТВ-ҳои давлатӣ "рӯйхати сиёҳ" вуҷуд надорад. Баъзе аз овозхонҳои шинохта ҳамвора шикоят доранд, ки онҳоро ба телевизионҳои кишвар роҳ намедиҳанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, муҳоҷирони корӣ дар Русия метавонанд, аз ин ба баъд нафақа бигиранд. Ба шарте, ки санадҳояшон дурусту расмӣ бошад ва ба мақомоти Русия муроҷиат кунанд.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, аз ин баъд муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия метавонанд, нафақа бигиранд. Ба шарте, ки санадҳояшон дурусту расмӣ бошад ва ба мақомоти марбутаи Русия муроҷиат кунанд.
Фурӯшгоҳҳои китоби диниро дар Душанбе дубора боз кардаанд, аммо шумораи китобҳо камтар шудаву тасбеҳ ва ҷойнамоз зиёдтар. Тоҷирон гуфтанд, фурӯши адабиёти динӣ маҳдуд аст. Намояндагони Кумитаи дин мегӯянд, дӯконҳоро ба сабаби ёфтани “адабиёти ғайриқонунӣ” баста буданд, вале маҳдудияте нест.
Мақомот мегӯянд, Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодиҳои диниро ба Тоҷикистон даъват кардаанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ гуфт, даъватнома аллакай фиристода шуд.
Дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон аз камбуди гармиву рӯшноӣ азият мекашанд, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони зери итоати Толибон мояи баҳс шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон имсол омори фурӯши барқро ба Афғонистон фош накарданд. Чанде аз мусоҳибони мо бовар доранд, мақомот ба хотири пешгирӣ аз танқиди мардум гап намезананд. Дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон аз камбуди рӯшноӣ азият мекашанд, интиқоли барқ ба Афғонистони зери итоати Толибон мояи баҳс шуда.
Ёфтҳои бештар