Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар ҳоле ки бемористонҳои Тоҷикистон бо камбуди мутахассисон рӯбарӯст, баъзе аз пизишкони тоҷик ба хориҷа рафтаанд ва аз кору зиндагии худ розиянд. Яке аз онҳо Ситора Қодирова аст, пизишки занон.
Туркия макони кору зиндагии ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аст. Бархе дар ин кишвар на фақат барои худ роҳу ҷойгоҳ пайдо кардаанд, балки барои дигарон ҳам ҷойи кор офаридаанд.
Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ 2 навори латукӯби кӯдакон аз тарафи модаронашон нашр шуд. ВКД баъдан хабар дод, ки ин 2 занро боздошт кард. "Озодӣ" аз сокинон пурсид, ба латукуби кӯдак аз ҷониби волидайн чӣ назар доранд? Ва ба ақидаи онҳо чӣ сабаб мешавад, ки волидон кӯдаконашонро бизананд?
Сафиаллоҳ Мирзозодаи ҳафтсола, ки аз сели маргбор дар шаҳри Ваҳдат ба таври муъҷизаосо наҷот ёфт, ҳоло дар бемористон аст.
Палави тоҷикӣ, шакаробу қурутоб, фатиру кулча ва чойи сабзи тоҷикӣ. Чойхонае дар як гӯшаи Истанбули Туркия барои тоҷикони ин кишвар ва хориҷиён дастурхони тоҷикӣ ороста, фазои тоҷикона фароҳам овардааст.
Як чойхона дар шаҳри Истанбули Туркия ба мизоҷон аз тамоми ҷаҳон хӯрокҳои тоҷикӣ пешниҳод мекунад. Ин чойхона ки «Тоҷикона» ном дорад, бо нақшу нигори миллӣ ороиш ёфта ва онҷо мусиқии тоҷикӣ ҳам садо медиҳад.
Дар ҳоле, ки баъзе сокинон мегӯянд, барои рӯзгузаронӣ пул надорад, мақомот пайваста дар бораи захира кардани хӯрокворӣ барои ду сол таъкид мекунанд. Расонаҳои давлатӣ онро таблиғ мекунанду мухолифон саҳнасозӣ меноманд. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки онҳо оё захира доранд ва он барои чанд вақт мерасад?
Аҳмадҷон Азизов се моҳ пеш дар ҷустуҷӯи кори беҳтар ба шаҳри Истанбули Туркия рафт. Дар мағозае ба ҳайси дастёри фурӯшанда кор мекард. Ҳоло санади будубош надорад ва талош мекунад ба чашми пулис наафтад.
Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Туркия рӯ ба афзоиш аст ва шумораи онҳо сол то сол меафзояд. Масалан онҳое, ки аз Қазоқистон ва ё Русия ронда шудаанд, ба Туркия мераванду онҷо кор мекунанд. Аммо дар ин кишвар ҳам кор осон нест ва баъзе аз онҳо бинобар санадҳои нодуруст ба мушкилот меафтанд.
То оғози мавсими таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор мактаб аст, ки дар онҳо бештар аз 2 миллион таҳсил мекунанд. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки мехоҳанд фарзандонашон дар кадом мактаб таҳсил кунад ва чаро? Оё имкони дар мактабҳои пулакӣ гузоштани фарзандашонро доранд?
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни як нишаст хабар дод, ки лоиҳаи наверо омода доранд, ки дар сурати қабули он истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагони мактабҳо иҷоза дода мешавад. Ба гуфтаи вазир, тасмими мазкур дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта гирифта шудаааст.
Вазири маориф мегӯяд, лоиҳаи наверо омода доранд, ки дар сурати қабули он, истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон иҷоза дода мешавад. Тасмими мақомот миёни ҷомеа назарҳои гуногунро ба миён овардааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз мардум ҳамин суолро пурсид.
Бо гузашти якуним моҳ аз рабуда ва нопадид шудани ду нафар дар Тоҷикистон, аз ҷумла Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ҳанӯз аз онҳо нишоне пайдо нашудааст.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, номи беш аз дувоздаҳ ҳазор маҳалу ноҳияи кишвар ба меъёру қоидаҳои забони тоҷикӣ мутобиқ нест.
Гармои шадид дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти полезиро зиёд кардааст, аммо ду баробар боло рафтани нархи тарбузу харбуза дар бозорҳои пойтахт, сокинонро нигарон кардааст.
Салом, хоҳар. Ин барномаи нави махсуси Радиои Озодӣ барои бонувон аст ва дар он қиссаи занонеро, ки роҳ ёфтанд, ё роҳгум заданд, чун дарси роҳнамое пешниҳоди шумо мекунем.
Як пажӯҳиши нави Барномаи Рушди Созмони Милал айни чизро нишон додааст ки 67 дарсад ба ин бовар будаанд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила кори маъмулист. Аз ҷумла зану мард дар Тоҷикистон ҳам гуфтаанд “латукӯби занонро ҷоиз медонанд”.
Назидкони рузноманигорони зиндонӣ мегуянд бо гузашти бештар аз як сол ба ҷудоӣ аз падари хонадон одат мекунанд. Вале бар душ гирифтани бори гарони зиндагӣ барояшон сахту сангин аст, зеро аксари рузноманигорони зиндонӣ ноноварони асосии оилаҳояшон будаанд.
Ёфтҳои бештар