Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон то 1-уми август бояд корти бонкӣ бигиранд ё ҳамёни мобилӣ кушоянд. Дар акси ҳол наметавонанд андоз, боҷи давлатӣ, пули хадамоти коммуналӣ ва ҳатто ҷаримаро супоранд. Хабарнигорони Озодӣ аз сокинони пойтахт ва меҳмонон пурсиданд, ки оё барои гузариш ба ин низом омодаанд?
Савринисо Сафароваи 23-соларо як моҳ пеш дафн карданд, аммо баҳсу ҷанҷоли чигуна ба марг расидани ӯ ҳанӯз идома дорад. Наздикони ин зан мегӯянд, духтари онҳо нафаҳмида зани дуввум шуд ва дар пайи фишори ҳамсари аввали шавҳар ва хонаводаи ӯ қасди ҷонаш кард.
Савринисо Сафароваи 23-соларо тақрибан як моҳ пеш дафн карданд, аммо баҳси чӣ гуна ба марг расидани ӯ ҳанӯз идома дорад. Модараш мегӯяд, ӯро пайвандон ва ҳамсари аввали шавҳараш зада то ба марг расондаанд. Муфаттишон мегӯянд, Савринисо худкушӣ кардааст.
Бо вуҷуди афзоиши сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар чанд соли охир харидории хона ҳамоно барои бисёре аз оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон орзуи датснорас мемонад. Ҳоло киҳо тавони харидани хонаро доранд ва давлат дар таъмини сокинон бо манзил чӣ нақш дорад?
Як филми телевизиони ҳолландии "VPRO" таваҷҷуҳи мардуми хайрхоҳ дар Ҳолландро ба сарнавишти сарбози маъюб дар Тоҷикистон ҷалб кард. Дар як бахши ин филм сарнавишти як сарбози тоҷик ҳам бозгӯ шудааст, ки ҳангоми хизмат дар артиш маъюб ва дастнигар шуд.
Дар Ҳолланди фарсахҳо дур аз Тоҷикистон барои кӯмак ба сарбози тоҷике, ки яке аз қурбониёни дедовшина ё меҳтарсолорӣ аст, пул ҷамъ оварданд. Сокинони Ҳоланд баъди дидани филм дар як телевизиони ин кишвар ба сарнавишти ҷавони маъюби тоҷик таваҷҷӯҳ кардаанд.
Як пажӯҳиши нави Барномаи Рушди Созмони Миллал маълум кардааст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мардум ба тавонмандиҳои занон чандон бовар надоранд. Бинобар хулосаи ин назарсанҷӣ беш аз 83 дар сади пурсидашудаҳо дар 60 кишвари ҷаҳон нисбат ба занон қазоватҳои ғалат доштаанд.
Оё мардон ҳамчун раҳбар дар сиёсат ва ё дар тиҷорат ба фарқ аз занон муваффақтаранд? Қариб нисфе аз пурсидашудаҳо дар як назарсанҷӣ гуфтаанд, мардон аз уҳдаи ин корҳо беҳтар мебароянд. Таҳқиқи Созмони Миллал маълум кардааст, ки мизон қазовати ғалат нисбат ба занон дар аксар кишварҳо баланд аст.
Пизишкони тоҷик мегӯянд, нисбат ба кӯдакони гирифтори бемории сил афрофиён рафтори нодуруст мекунанд, ки монеи табобати саривақтии онҳо мешавад. Ба иттилои мақомот сӣ дарсади гирифторони сил дар Тоҷикистон кудакон будаанд.
Пизишкони тоҷик мегӯянд, нисбат ба кӯдакони гирифтори бемории сил аксари атрофиён рафтори нодуруст мекунанд, ки ин монеи муолиҷаи саривақтии онҳо мешавад. Дар Тоҷикистон 30 дарсади гирифторони бемории сил кӯдакон будаанд.
Аз 1-уми августи соли 2023 боҷу андоз ва ҷаримаҳо дар Тоҷикистон бояд ғайринақдӣ пардохт шаванд. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми июн ҳамин гуна фармон имзо кард. Дар низоми ғайринақдӣ ҳаққи хидматрасонӣ бо истифода аз корти бонкӣ ё ҳамёни мобилӣ пардохт мешавад.
Дар Тоҷикистон аз моҳи август гирифтани пули нақд дар даст ва аз ҷумла супурдани он, масалан, ба нозири неруи барқ манъ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки бисёри пардохтҳо - андоз, ҷарима бояд ғайринақдӣ сурат гирад. То куҷо иҷрои ин қонун осон хоҳад буд?
26 сол пеш дар ҳамин рӯз миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Ин созишнома ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима бахшид. Баъд аз соли 1997 ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдат ҷашн гирифта мешавад ва расман таътил аст.
Бозори чорво дар дараи Ромит, қисмати шарқии пойтахт дар остонаи Иди Қурбон серодам аст. Чорводорон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар моли худро ба инҷо меоранд. Бузу гӯсфанд, гов ва ҳатто шутур низ барои харидорон пешниҳод мешавад.
Бахтиннисо Иззатуллоева мегӯяд, соле пеш аз шавҳар ҷудо шуд ва ду писарро дар ихтиёри амаку бибияш гузошту ба Русия рафт. "Вале ба ҷойи меҳрубонӣ азияту латукӯб кардаанд," – даъво дорад ӯ. Ҷониби дигар мегӯяд, "яке аз кӯдакон беодоб аст".
Як сокини Душанбе мехоҳад, ки мақомот назорат ва тарбияи писарони хурдсолашро дар ихтиёри ӯ бигузоранд. Бахтиннисо Иззатуллоева мегӯяд, соле пеш аз шавҳар ҷудо шуд ва ду писарро дар ихтиёри амаку бибияш гузошту ба Русия рафт. "Вале ба ҷойи меҳрубонӣ азияту латукӯб кардаанд," – даъво дорад ӯ.
Наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик, ки рӯзи 15-уми май дар бемористон дар синни 66-солагӣ даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд.
Наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик, ки рузи 15-уми май дар бемористон даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд. Пизишкон мегӯянд, ӯ гирифтори бемориҳое буд, ки пас аз ҷарроҳӣ дигар имкони наҷоташ вуҷуд надошт.
Пулиси ноҳияи Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷоли келину хушдоман, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, оғоз кардааст.
Идораи шуъбаи корҳои дохилии Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷолу занозании аъзои як хонавода оғоз кардааст, ки видеои ҷанги онҳо ҳаёҳуеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барпо кард. Мавзӯи баҳс - занозании арӯс бо модаршавҳараш аст ва ҳарду тараф гуноҳро ба гардани ҳамдигар бор мекунанд.
Ёфтҳои бештар