Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Баҳор зодрӯзи Радиои Озодист. Тасодуфан ё дониста нахустин барномаи тоҷикии он рӯзи 21 ё 22-юми марти соли 1953 пахш шудааст.
То як дарди ҷиддӣ пеш наояд, шумо ба назди пизишк ё барои муоина ба духтур меравед? Ин бисёр муҳим будааст, махсусан барои занону духтарон, ки мавридҳои гирифторшавӣ ба саратон дар миёни онҳо зиёд аст.
Баъзе аз занони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон барои корашон, бахусус ҳимоят аз ҳаққи мунтақидону мухолифон ва хабарнигорону фаъолони маданӣ, зери танқид ё фишору таҳдид қарор мегиранду хомӯш мешаванд ва бархеи дигар кишварро тарк мекунанд. Гуруҳе бо вуҷуди душвориҳо ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Дар Тоҷикистон манъи истифодаи телефон ё гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд ва ё аз расмиёти гумрукӣ нагузаштаанд, оғоз шуд. Ин иқдом харҷи корбарони телефонҳои мобилиро зиёд ва онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Сабти рамзи IMEI телефонҳои сокинон дар Тоҷикистон акнун пулакӣ шудааст ва ин иқдом нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овардааст. Мардумро бештар пардохтҳои гумрукие нороҳат намудааст, ки бояд пардохт кунанд.
Як сокини ноҳияи Варзоб наздик ба як моҳ боз интизори пайдо кардани ҷасади духтари ғарқшудааш аст.
Як модари ғамзада аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост дорад, ки барои муваққатан боздоштани маҷрои оби наҳри Варзоб мусоидат намояд. Духтари ноболиғи зан аввали моҳи ноябр дар ин наҳр ғарқ шуд. Хоҳиши модари дилреш ин аст, ки ҷисми беҷони фарзандашро ба хок супорад, то андаке таскин ёбад.
Давоми ду соли оянда давлати Тоҷикистон ҳаҷми кумакҳои иҷтимоиро барои хонаводаҳои камбизоат бештар мекунад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия 15-уми ноябр дар Маҷлиси намояндагон гуфт, қарори ҳукумат қабул шуда, зиёдшавии мизони кумакҳо то соли 2025 идома хоҳад дошт.
19 ноябр Рӯзи ҷаҳонии гиромидошти хотири қурбониёни ҳодисаҳо дар роҳ мебошад.
Пайвандони як ҷавони 25-сола дар шаҳри Ҳисор мегӯянд, кормандони мақомоти интизомӣ бемории равонӣ доштани фарзандашонро ба эътибор нагирифта, ӯро ба артиш бурдаанд.
Хонаводаи як зани 39-сола дар ноҳияи Файзобод беш аз шаш моҳ аст духтари бедаракшудаашонро ҷустуҷӯ доранд.
Аз рӯйи хабару гузоришҳои мақомоти умури дохилӣ, мавридҳои дуздии пул аз хонаву дохили мошини шаҳрвандон дар Тоҷикистон бештао шудааст. Ин бор хабарнигорони "Озодӣ" аз мардум пурсиданд, ки пулҳои худро дар куҷо нигоҳ медоранд ва барои эмин нигоҳ доштан куҷоро беҳтар меҳисобанд?
6-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Дар Қонуни асосӣ пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда фароҳам меорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд.
Пурсиши Радиои Озодӣ дар Рӯзи Конститутсия дар кӯчаҳои Душанбе барпо шудааст
Тибқи пешбинии обуҳавшиносон, ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар кишвар то 8-10 дараҷа паст мешавад ва ба дунболи он сардиҳо оғоз хоҳад шуд. Мардуми Тоҷикистон барои зимистони имсола чӣ омодагӣ доранд? Нархи сӯзишворӣ бахусус ангишт то куҷо барои аҳолӣ дастрас аст.
Тибқи пешбинии обуҳавшиносон, ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар кишвар то 8-10 дараҷа паст мешавад ва ба дунболи он сардиҳо оғоз хоҳад шуд. Мардуми Тоҷикистон барои зимистони имсола чӣ омодагӣ доранд? Нархи сӯзишворӣ бахусус ангишт то куҷо барои аҳолӣ дастрас аст?.
Гаронии нархи мева дар бозорҳои Тоҷикистон баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.
Ин шабу рӯз маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмат дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати дифоъ аз иҷрои 66%-и нақша хабар дод. Мақомот мегӯянд, теъдоди ихтиёриён афзудааст. Баъзе аз сокинон аз фишор ва маҷбурӣ ба артиш бурдани ҷавонон мегӯянд.
Оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, аз пурэҳтиромтарин шахсиятҳои таърихӣ дар ҷаҳон дар Қунияи қаламрави имрӯзаи Туркия асрҳо боз ба як масири умдаи сайёҳӣ ва зиёрати ирфонӣ табдил ёфтааст.
Ёфтҳои бештар