Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷикро бегоҳи 17-уми апрел даҳҳо нафар, аз ҷумла падару модар ва писари нуҳмоҳааш Муҳаммад дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд. Устопириён пас пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо (дзюдо)-и Антанлия бо медали тилло ба ватан баргашт. Комроншоҳи Устопириён ҳафтаи гузашта дар Гран-прии ҷудо дар Анталия бар ҳамаи рақибонаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон - пирӯзӣ ба даст овард.
Таҳрими 24 сарватманду ширкат ва сиёсатмадору мақомҳои Русия дар чаҳор рӯзи пеш боис ба уфти якбораи бозори саҳом ва коҳиши қурби рубли русӣ шуд. Уфти 10-дарсадиро дар бозори асъори Тоҷикистон ва даромади хонаводаҳои тоҷик низ эҳсос кардаанд.
Тоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳанӯз ҳам анвои ин маҳсулот чандон зиёд нест ва дар оянда эҳтимолан бештар шавад.
Ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон қобилияти хуби таҳлилу барасии бозии дастаҳо ва фаъолияти муррабиҳои бошгоҳҳои ҷаҳониро доранд. Онҳо ба ҳунари ҳар футболбоз баҳо медиҳанд. Дар интихоби даста ҳам бештар на ба натиҷаи баланд, балки ҳунару маҳорат таваҷҷӯҳ доранд.
Баҳси ҷавонони тоҷик атрофи футбол ва дастаҳои дӯстдоштаи худ ин шабу рӯз беохир аст ва метавонад, соатҳо идома кунад.
Дар яке аз гӯшаҳои Тоҷикистон, ки ҳоло дашти ҳамвор аст, 5 ҳазору 500 сол пеш шаҳр буд ва нахустин аз шаҳрҳо дар ҷаҳон. Ин ҷо Саразм аст, ки Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал онро ба феҳрасти ҷаҳонӣ ворид кардааст, зеро ба гуфтаи бостоншиносон аз аввалин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ аст.
Бо онки Радиои Озодӣ дар водии Зарафшон хабарнигори доимӣ надорад, зимни сафарамон ба ин минтақа талош кардем, ба зиндагии сокинони калонтарин шаҳри ин водӣ -- Панҷакент шинос шавем.
Нақли хабарнигори Радиои Озодӣ аз аҳволи мардуми шаҳри бостонии Панҷакент
Нуъмон Мирзоёрови сесола давоми се моҳ номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро азхуд кардааст. Дар деҳаи Урметан, калонтарин рустои водии Зарафшон бештарин афроде, ки ба Нуъмон рӯбарӯ мешаванд, мехоҳанд ӯро имтиҳон кунанд. Ӯ ҳам бо лафзи кӯдаконааш ба пурсишҳои ҳамдеҳагон посух медиҳад.
Нуъмони сесола давоми се моҳ номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро азхуд кардааст. Дар деҳаи Урметан, калонтарин рустои водии Зарафшон бештарин афроде, ки ба Нуъмон рӯбарӯ мешаванд, мехоҳанд ӯро имтиҳон кунанд. Ӯ ҳам бо лафзи кӯдаконааш ба пурсишҳои ҳамдеҳагонаш посух медиҳад.
Ин шабу рӯз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон хеле серодам аст. Сокинон гуфтанд, ки бештар барои тамошо ва дидорбинии наздикон ба ҳудуди ду кишвар мегузаранд. Гузориши ҳамкорони мо аз гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа"
Наврӯзи шаҳри Панҷакент шоми 28-уми март шурӯъ мешавад. Барои иштирок дар ин ҷашн президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи чоршанбе бо чархбол ба ин шаҳр омад. Дар ин ҷашн гурӯҳи 20-нафарии зиёиёну фарҳангиён аз Самарқанд ҳам иштирок мекунанд.
Иқбол Завқибеков, Аҳмад Асалбеков, Нобовар Чаноров ва Зариф Пулод дар бораи ин гӯянд,ки чаро Наврӯзро дӯст медоранд, чӣ пайвандие ба эҷодиёти онҳо дорад.
Шаҳри Панҷакент барои ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ омода мешавад. Дар назар аст, ки Наврӯзи ҷумҳуриявӣ 27 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакени баргузор шавад.
Зикрулло Ҳакимов, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик мегӯяд, Наврӯз ҳамеша ба ёди ӯ бӯи модарро меорад. Бӯе, ки инсон ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарад. Зикрулло Ҳакимов дар сӯҳбати муфассале бо Радиои Озодӣ аз хотироти наврӯзиаш қисса кард.
Дар шаҳри Бохтар, (Қӯрғонтеппаи собиқ) омодагӣ ба таҷлили Наврӯз идома дорад. То ҷашни зебои баҳорӣ бояд кӯчаҳои шаҳр пур аз лолаҳои ҳолландӣ шаванд.
Дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми мартро маҳз ба хотири занон рӯзи истироҳат эълон кардаанд, то дар хона бошанду дам бигиранд. Аммо дар ин рӯз ҳам занони зиёдеро дар бозорҳои Тоҷикистон мебинед, ки аз субҳи содиқ кор мекунанд. Амриддини Олим бо ду нафари онҳо сӯҳбат кард.
Нодир модарашро, ки бемории саратон дошт, аз даст медиҳад ва холигоҳи ҷои ӯро касе пур карда наметавонад.
Тоҷикистон аз Русия хостори ирсоли 30 омӯзгори дигар ба мактабҳои кишвар шудааст. Аз кору зиндагии гурӯҳи аввали омӯзгорони рус дар Тоҷикистон 8 моҳ сипарӣ мешавад ва бархе аз онҳо аз ҳоло омодаанд, муҳлати шартномаи кориашонро барои соли дигар ҳам дароз кунанд.
Ёфтҳои бештар