Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дар Душанбе омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз идома дорад. Барои зебо кардани шаҳр аз Аврупо дарахтоне овардаанд, ки баъзе 5 ҳазор евро арзиш доранд.
Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар Инстарграм яке аз шабакаҳои иҷтимоии маъруф дар Тоҷикистон пул кор мекунанд. Чӣ гуна? Дар ин видео тамошо кунед.
"Инстаграм", яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар Тоҷикистон корбари зиёд дорад, ба манбаъи даромади гурӯҳе аз ҷавонон табдил ёфтааст.
Дар шаҳри Душанбе мақомоти расмӣ бо ҳузури хабарнигорон ва коршиносон амнияти иттилоотӣ ва кори расонаҳои давлатиро баррасӣ карданд ва гуфтанд, ки онҳо хуб кор намекунанд.
Дар пайи баҳси додгоҳии падару модар ва ҳам сарзаниши додрасе, духтари 18-солаи сокини Душанбе қасд ба ҷони худ карда ба ҳалокат расидааст. Дар ҳоле, ки дар фоҷеаи марги танҳо фарзанд модар ашки ҳасрат мерезад, падар ва додрас мегӯянд, гунаҳор кардани онҳо дар ин ҳодиса ҷоиз нест.
Дар пайи баҳси додгоҳии падару модар ва ҳам сарзаниши додрасе, духтари 18-солаи сокини Душанбе қасд ба ҷони худ карда ба ҳалокат расидааст.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дод, ки номи ду тарофааш – «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Масъулони ин кумита номи ин тарофаҳоро муғойир ба бандҳои қонуни забон донистанд.
Феълан дар Тоҷикистон 100 корхонаи бузургу кӯчаки паррандапарварӣ фаъол мебошад, ки 80 дарсади тухми мурғи мавриди ниёзи сокинони кишварро тавлид мекунанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ба зудтарин фурсат ҳаракати қатор дар масири Амузанг – Хатлон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ба зудтарин фурсат ҳаракати қатор дар масири Амузанг – Хатлон роҳандозӣ хоҳад шуд. Худоёр Худоёрзода рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “инчунин, мусофирбарҳои самти Тоҷикистону Узбакистон ба кор хоҳанд пардохт.”
Рӯзи 14-уми феврал дар Тоҷикистон аз Рӯзи ошиқон таҷлил карданд.
Назарҳо дар мавриди Рӯзи ошиқон ё рӯзи Валентин дар водии Вахш мухталиф аст. Иддае мегӯянд, ки таҷлили Рӯзи ошиқон гуноҳ аст ва иддае дигар тибқи бовар ва хостаҳои худ аз рӯзи ошиқон ҷашн мегиранд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта корхонаҳои паррандапарварии кишвар танҳо 2 ҳазору сад тонна гӯшти мурғ тавлид кардаанд. Ҳарчанд ниёзи Тоҷикистон ба ин намуди ғизо 63 ҳазор тонна будааст.
Набуди “томография”-и компютерӣ дар бемористонҳои водии Вахши вилояти Хатлон мушкили муоинаи сокинонро боз ҳам сангинтар кардааст.
Дар доираи иқдоми «FIFA World Cup Trophy Tour», ки бо дастгирии ширкати «Coca Cola» баргузор шудааст, Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол пас аз зӯҳри имрӯз, 5-уми феврал, ба Тоҷикистон оварда шуд.
Ҳенри С. Эншер, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба саволҳо дар бораи Гулмурод Ҳалимов, мушкили дарёфти визаи амрикоӣ ва масоили дигар посух дод.
Баъд аз 30 сол Тоҷикистон бо таъсиси як кумисюни вижа талош дорад, марзашро бо Афғонистон аз нав мушаххас ва аломатгузорӣ кунад. Ин ду кишвар 1347 километр марзи муштарак доранд ва хатти марз дарёи Панҷ аст.
Ёфтҳои бештар