Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Тибқи қонуни нави ҳаракат дар роҳ, ронанда дар сурати манъ кардани мошинаш аз ҷониби полиси роҳ ҳақ надорад аз мошин берун барояд. Дар сурати берун шудани ронанда ӯро 50 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Каромат Шарипов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик – алайҳи се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилиро баррасӣ кард.
Маҷлиси намояндаҳои Тоҷикистон бо тасвиби ду созишномаи иқтисодӣ, шароит барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Узбекистонро фароҳам кард.
Маҷлиси намояндаҳои Тоҷикистон бо тасвиби ду созишномаи иқтисодӣ шароит барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Узбекистонро фароҳам кард. Ҳамакнун сармоягузории ду кишвар аз андозбандии дуҷониба озод шуда, заминаи таъсиси корхонаҳои муштараки бештар аз 17 корхонаи феълӣ имконпазир шуд.
Дар ин ҳамоиши минтақавӣ дар Душанбе ҳамчунин гуфта шуд, ки фаъолияти хабарнигорон на танҳо дар Афғонистон ҷангзада, балки дар кишварҳои ороми минтақа аз ҷумла Тоҷикистон ҳам хатарноку мушкилтар мешавад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки гурӯҳи "Толибон" дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардааст. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон зимни нигаронӣ аз ин раванд, хостори ҳамкории густурдаи сохторҳои интизомии кишварҳои минтақа барои ҷилавгирӣ аз ин хатар шудааст.
Хабарнигорони тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 3-уми май дар як нишасте бахшида ба Рӯзи озодии баён, бо як лаҳзаи сукут, ёди 8 хабарнигореро гиромӣ доштанд, ки рӯзи 30-уми апрел дар шаҳри Кобул кушта шуданд.
Даргузашти Бозор Собир, шоири маъруфи Тоҷикистон аҳли фарҳангу адабиёт ва дӯстону наздикони ӯро такон дод. Даргузашти ӯро талафоти азим барои адабиёт ва фарҳанги тоҷик номида гуфтанд, ки имрӯз “адабиёти тоҷик мотам дорад“.
Як ҳайат аз сафорати Амрико ба шаҳри Панҷакент рафта, бо мардум ва маҳалҳои таърихии минтақа аз наздик ошно шуданд.
Марям Шоева, навраси даҳсолаи тоҷик, ки баъди аз даст додани хонаводааш дар ҷанги Ироқ моҳҳо боз дар яке аз паноҳгоҳҳои Бағдод ба сар мебурд, ба Душанбе оварда шуд. Ҳамроҳ бо Марям се кӯдаки дигари тоҷикро низ ба Тоҷикистон оварданд
Марям Шоева, навраси даҳсолаи тоҷик, ки баъди аз даст додани хонаводааш дар ҷанги Ироқ моҳҳо боз дар яке аз паноҳгоҳҳои Бағдод ба сар мебурд, ба Душанбе оварда шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пешниҳоди ҷорӣ кардани аксиз (як навъи андоз) ба маҳсулоти гӯштӣ дар кишварро ба ниҳодҳои давлатӣ фиристодааст. Кумитаи андоз аз ин пешниҳод ҳимоят кард, вале Хадамоти зиддимонополӣ онро ба манфиат надонист.
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пешниҳоди ҷорӣ кардани аксиз ба маҳсулоти гӯштӣ дар кишварро ба ниҳодҳои давлатӣ фиристодааст. Кумитаи андоз аз ин пешниҳод ҳимоят карда, Хадамоти зиддимонополӣ алайҳи он баромад.
Дар Тоҷикистон аз ин баъд онҳоеро, ки дар роҳу шоҳроҳҳои кишвар пойгаҳ ташкил мекунанд, ҷаримаҳои бузург мебанданд ва ё ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум мекунанд.
Аз аввали соли ҷорӣ истеҳсоли атласу адрас дар Тоҷикистон дар муқоиса бо як соли пеш 10 маротиба бештар шудааст. Ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, аз аввалаи имсол беш аз 44 ҳазор метр ин навъи матоъ, асосан аз сӯи ҳунармандони хусусӣ тавлид шудааст.
Мақомоти шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд бинои мадрасаи "Олим додхоҳ", яке аз ёдгориҳои нодир дар маркази ин шаҳрро дубора тармим кунанд. Мадрасаи "Олим додхоҳ", ки гунбадаш яке аз калонтарин гунбадҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад, феълан ҳоли харобе дорад.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷикро бегоҳи 17-уми апрел даҳҳо нафар, аз ҷумла падару модар ва писари нуҳмоҳааш Муҳаммад дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд.
Ёфтҳои бештар