Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
То ду моҳи пеш Зуҳро Сайфуллоева дар як вагони сарду оҳанӣ ба фарзандонаш афсонаҳои хушфарҷом қисса мекард. Он вақт тассавур намекард, ки афсона метавонад дар зиндагии худи ӯ ба воқеият табдил ёбад.
Имсол чанде аз гузоришҳои Радиои Озодӣ сарнавишти қаҳрамонҳояшро дигар карданд. Тақдири баъзеро – ба таври куллӣ. Чӣ гуна? Дар ин навори видео бубинед.
Дар Тоҷикистон соли 2018 духтарон умдатан пироҳанҳое ба бар мекардаанд, ки омехтаи усулҳои миллӣ ва аврупоӣ аст. Либосҳои мунаққаши миллӣ умдатан барои ҷашнҳо будаанд.
Соли 2018 аксар таронаҳои наву тозаи ситораҳои тоҷик на аз саҳнаҳои баланди ҳунарӣ, балки бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоиву интернет ваё озмуну ҷашнвораҳо дар хориҷи кишвар муаррифӣ шуд.
Ҷуфтҳои ҷавон дар Душанбе қабл аз издивоҷ ба чанд суоли равоншиносу ҳуқуқдонҳо посух мегӯянд.
Бо эҳсоси тарсу ҳарос зиндагӣ кардан, хоси беш аз 90 дар сади занони тоҷик будааст.
Худкушии як ҷавони 26-сола дар шаҳри Ваҳдат, ки то охирин рӯзҳои ҳаёташ дар андешаи ба хона баргардонидани ҳамсару фарзандаш буд, мавзӯи дахолати калонсолон ба зиндагии оилаҳои ҷавонро дигарбора доғ кард.
“Беҳтарин силоҳи рафъи хушунат ва дилозории занон – як дона гул аст”, - мегӯяд журналисти шинохтаи тоҷик Сурайёи Шуҷоат
“Беҳтарин силоҳи рафъи хушунату дилозории занон – як дона гул аст”, - мегӯяд журналисти шинохтаи тоҷик Сурайёи Шуҷоат.
Беҳтарин силоҳи рафъи хушунату дилозории занон – як дона гул аст, мегӯяд журналисти шинохтаи тоҷик Сурайё Шуҷоат.
Мизони миёнаи баҳраи қарзии бонкҳои Тоҷикистон айни замон 28 дар сад бо пули миллии сомонӣ аст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, худи тиҷорат дар Тоҷикистон ҳудуди 30 дар сад боздеҳ дорад ва бо ин фоизҳои бонкӣ муваффақ шудани соҳибкорон амри маҳол аст.
Талоши яксолаи Мастонаи Асо, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, барои барқарор кардани обрӯяш нақшаҳои зиндагии ин духтари 21-соларо тағйир дод. Мастонаи Асо моҳи августи соли 2017, пас аз ду рӯзи арӯсӣ бо ҷавоне аз ноҳияи Ховалинг, бо иттиҳоми “нодухтарӣ” аз хонаи шавҳар ронда шуд.
Як пажӯҳиши созмони “International Alert” муайян кардааст, ки аксар “занони ҷудошуда ва фарзандони онҳо гурӯҳи осебпазир ҳастанд ва зери маломати ҷомеа қарор мегиранд”.
Ҳамида Рӯзиматова, раҳбари ширкати таблиғотии "Абрис" аст. Ӯ ду сол пеш раҳбарии ин корхонаро ба ӯҳда гирифт. Ин ширкат, ки 25-сол боз фаъолият дорад, замоне ба дасти Ҳамида гузашт, ки дар бӯҳрони шадиди молӣ қарор дошт.
Чархаи аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ба кор даромад. Дар маросими ифтитоҳи он меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ, хабарнигорон ва мақомоти олии Тоҷикистон иштирок карданд.
Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест - чор медал (як нишони тилло ва се биринҷӣ) ба даст оварданд, шаби 14-уми ноябр ба ватан баргаштанд.
Ҳафт таббохи шинохта дар шаҳри Душанбе дар деги бузург як тонна оши палав пухта ва онро рӯзи 10-уми ноябр дар боғи ба номи Фирдавсии пойтахт ба мардум пешниҳод карданд.
Ёфтҳои бештар