Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба таҳияи феҳристи сокинони маҳаллаи мавсум ба "Варзоб ГЭС" шурӯъ карданд, ки баъди тахриби манзилҳояшон қарор аст бо ҷубронпулӣ таъмин шаванд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии қазияи як муаллими забони англисӣ ва шогирдони ӯ шуруъ кард, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии қазияи як муаллими забони англисӣ ва шогирдони ӯ шуруъ кард, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд. Чаҳор шогирди навраси ин муаллим дар роҳ ба сӯи Афғонистон боздошт шуданд. Мақомот мегӯянд, ин нафарон қасд доштанд, ки ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” бипайванданд.
Дар шабу рӯзе, ки 800 вазнабардор аз сад кишвари дунё барои сабқат дар Туркманистон ҷамъ омадаанд, Раҳмоил ва вазнабардорони дигар дар Тоҷикистон тоза соҳиби толор ва таҷҳизоти варзишӣ барои тамрин шуданд.
Гулмуроди Саъдулло, довари 27-солаи FIFA аз Тоҷикистон, ки аз ҳамаи марҳилаи санҷишҳо бомуваффақият гузашт, ба ҳайати доварони мумтози Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар соли 2019 дохил шуд.
Вакилони парлумони Қирғизистон рӯзи 30 октябр Жаниш Рустенбековро ба вазифаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон тасдиқ карданд. Ин тағйирот ду ҳафта баъди он сурат мегирад, ки дар парлумон бархе депутатҳо аз кори Ниёзов танқид карданд.
Мирослав Ниёзов, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон базудӣ тарки мақом мекунад. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Ниёзов ба саволҳо дар робита бо интиқоди кораш дар ин мақом, вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва масоили дигар изҳори назар кард.
Бонки Ҷаҳонӣ иддао дорад, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар пайи беҳбуди вазъи иқтисодии сокинон то 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо мақомот омори 27-дарсадии камбизоатонро пеш меоранд.
Як қарори додгоҳ дар Тоҷикистон ба баҳси тӯлонии ду модар нуқта гузошт, аммо сарнавишти кӯдаки 9-соларо норӯшан ва ӯро дар ин байн ҳайрону гирён монд.
Бабрҳои барфӣ - дар ҳолати шикор, дар оғӯши кӯҳҳои пурбарф ва гаштугузори онҳо дар дили шаб. Ин намунаи аксҳои ин ҷонвари нодир аст, ки дар аввалин намоишгоҳе дар Душанбе пешкаши дӯстдорони табиат шуд.
Хулосаи як пажӯҳиш ҳам дар чанд деҳаи Тоҷикистон муайян кардааст, ки мавқеи келинҳо дар хона дар муқоиса ба чанд соли пеш тағйир ёфтааст. Акнун келинҳои коргар ва пулёб дар хонаводаҳои тоҷик соҳиби эҳтироми бештар ҳастанд ва дар қабули қарорҳои хонавода садояшон шунида мешавад.
Зуҳро Сайфуллоева, сокини ноҳияи Ҳисор, бо кумаки мардум соҳиби як манзили дуҳуҷраӣ шуд. Ӯ ду рӯз қабл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зиндагӣ дар як вагони сарду оҳанӣ барояш мушкил аст ва мехоҳад шаш фарзандашро ба ятимхона бисупорад.
Зуҳро Сайфуллоева, сокини ноҳияи Ҳисор, бо кумаки соҳибкорону афроди алоҳида соҳиби як манзили дуҳуҷраӣ шуд. Ӯ ду рӯз қабл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зиндагӣ дар як вагони сарду оҳанӣ барояш мушкил аст ва мехоҳад шаш фарзандашро ба ятимхона бисупорад.
Як пажуҳиш дар Тоҷикистон нишон додааст, ки дигар хешовандони шавҳар мухолифи кори келин нестанд.
Як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, аз ночорӣ шаш фарзандашро ба мактаб-интернат супурданист, то онҳо дар кӯча танҳову бетарбия намонанд. Аммо мақомоти Ҳисор гуфтаанд, ки қабул ба мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳолати ятими кул набудани кӯдакон "қатъиян манъ аст".
Як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, аз ночорӣ шаш фарзандашро ба мактаб-интернат супурданист, то онҳо дар кӯча танҳову бе тарбия намонанд. Аммо мақомоти Ҳисор гуфтаанд, ки қабул ба мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳолати ятими кул набудани кӯдакон "қатъиян манъ аст".
Ёфтҳои бештар