Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон, ки дар даври панҷум ва ниҳоии қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барои аввалин бор дар ин мусобиқот ғолиб шуда, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардид.
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон дар пайи ислоҳоти сохтории Вазорати корҳои дохилии кишвар метавонад ба тобеияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гузаронида шавад.
Як зани рустабор, ки замони ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро тарк кардааст, баъд аз 26 сол ба Душанбе баргашта мехоҳад, хонаашро бозпас бигирад. Татяна Ореховаи 66-сола мегӯяд, баъди бозгашт ба хонааш дар хиёбони Асадулло Ғуломов рафт ва дарҳои онро баста ёфт.
Сафари сарвазири Корея ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар Душанбе бо имзои ду санади ҳамкорӣ ба анҷом расид. Вале гуфта шуд, ки барномаҳои бештаре дар пешанд.
Владимир Елчанинов, мураббии шинохтаи рус оид ба ҷудо, муддати ду моҳ аст дар Душанбе фаъолият дорад. Нафаре, ки паҳлавонони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, Неъматуллоҳ Асронқулов ва Комроншоҳи Устопириён аз мактаби ӯ гузаштаанд.
Рӯзи 16 июл ташаббускорони форуми иқтисодии соҳибкорони кореягӣ гуфтанд, ки ҳудудан 300 соҳибкору тоҷир ва намояндагони корхонаю ширкатҳои бонуфузи Тоҷикистон ва Корея бо ҳам имкони ҳамкориро баррасӣ карданд ва имзои 6 санад ҳосили ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар буд.
Ҷон Марк Поммершайм сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, мушкили марбут ба амният набояд ҳамчун як восита барои нақз ё маҳдуд кардани озодиҳои динӣ истифода шавад.
Наздикони даҳ муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия ба иттиҳоми истеҳсоли нӯшокиҳои тақаллубии спиртӣ дастгир шудаанд, мегӯянд, қариб як сол аст аз тақдири азизонашон хабар надоранд. Ба гуфтаи пайвандони муҳоҷирон, онҳо дар овони пирӣ бо наберагони маъюб ва қарзҳои ҳангуфт дар кӯча мондаанд.
Сокинони Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн аз ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил карданд. Дар ин рӯз дар соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо шуд, ки ба ҷанги панҷсола дар ин кишвар хотима гузошт.
Пизишкон гуфтанд, ки 65 дарсади бадани Осия Зулфоноваи шашсола сӯхтааст ва ӯ феълан дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарист. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳодиса изҳори нигаронӣ кардааст.
Сабрина Абророва, шатранҷбози 12-солаи тоҷик, ки ахиран дар як мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар Русия бо шикасти рақибонаш сазовори медали тилло гардид, мегӯяд, ҳадафи "гроссмейстер" шуданро дорад.
Раҳбарони Тоҷикистону Эрон баъд аз чаҳор соли сардии равобит якдигарро гарм ба оғӯш кашиданд ва ба беҳтар шудани муносибатҳо таъкид карданд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ баъд аз зуҳри 15-уми июн дар Душанбе сурат гирифт.
Рӯзи 15 июн дар Душанбе дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мулоқоти президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Амина Эрдуғон, ҳамсари президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нахустин сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 15 июн дар маросими ифтитоҳи маркази офиятрасонӣ ба афроди имконияташон маҳдуд иштирок кард.
Дар остонаи конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки президенти Узбекистон яке аз меҳмононаш буд, Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон ҳеҷ гоҳ ба ин сатҳ набуд.
Нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 15-уми июн бо қабули эъломия дар Душанбе ба поён расид. Cарони кишварҳои Осиё дар эъломияи иборат аз 49 банд ваъда додаанд, ки дар қаламрави якдигар ба ҳаракатҳои ҷудоиталабӣ роҳ нахоҳанд дод.
Мавзеи Чилучорчашма воқеъ дар байни ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав, яке аз ҷойҳои диданӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад.
Хешовандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ шоми 6-уми июн дар хона ва дар миёни фарзандону дигар наздиконаш ҷон додааст. Фарзандаш Аҳмад гуфт, Султони Ҳамад гирифтори саратони меъда буд ва тайи 8 моҳи ахир аз ин беморӣ ранҷ кашидааст.
Нушофарин -- хонандаи синфи панҷуми яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе аст. Ӯ духтареро тасвир кардааст, ки дар синф нишаста, хоҳиши ҷавоб гуфтан ба дарсро дорад. Нушофарин бо ин расмаш ҳуқуқи духтарон ба таҳсилро нишон додааст.
Ёфтҳои бештар