Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Ду бошгоҳи футболи Англия - “Тоттенҳэм Хотспур” ва “Ливерпул” дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки 1-уми июн дар Мадриди Испания баргузор мешавад, рақобат мекунад.
Кишоварзон дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки борони зиёди имсол ҳосили пиёзро кам кард ва қимати маҳсулотро дар бозорҳои дохилӣ боло бурд. Гилаи дигари онҳо аз мақомот аст, ки соли гузашта иҷоза надоданд, маҳсулоти хешро ба хориҷ бифурӯшанд ва пуле захира кунанд.
Аз даҳҳо хонаводае, ки нӯҳ сол пеш аз минтақаи Кӯлобу Рашт ва вилояти Бадахшон ба деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритус муҳоҷир шуданд, танҳо чаҳор оила мондааст.
Бо пули сафорати Амрико дар Тоҷикистон 49-умин маркази ҳамкории милиса бо ҷомеа ба кор оғоз кард. Маркази нав дар шаҳри Турсунзода бунёд шуда, ҳадафи он ба гуфтаи сафири Амрико “эҷоди боварӣ байни милиса ва ҷомеа аст".
Амволи Нурулло Наимов, раиси собиқи "Манзили дастрас" ва чанде аз ҳамроҳонашро ба ҳабс гирифтаанд. Онҳо бо иттиҳоми қаллобӣ дар боздоштанд.
Норбӣ Абдураҳмонова, сокини 84-солаи ноҳияи Ваҳдат, баъди беш аз 70 сол дараки падари гумномашро ёфт. Падареро, ки то чаҳорсолагӣ ҳамроҳаш буд ва аз ӯ фақат навозишҳояш дар ёд мондааст.
Норбӣ Абдураҳмонова, сокини 84-солаи ноҳияи Ваҳдат, баъд аз 80 сол дараки падари гумномашро ёфт. Падареро, ки то чаҳорсолагӣ ҳамроҳаш буд ва аз ӯ фақат навозишҳояш дар ёд мондааст.
Мутахассисон ва коршиносон мегӯянд, ки озод кардани мураббиёну бозигарони хориҷӣ аз андоз барои рушди футболи тоҷик мусоидат мекунад.
Борони шаби 16-уми апрел сабаби боло рафтани оби рӯдхонаи Элок дар ноҳияи Файзобод шуд ва ба хонаву киштзори даҳҳо хонавода осеб расонд.
Борони зиёди шаби 16-уми апрел сабаби боло рафтани оби рӯдхонаи Элок дар ноҳияи Файзобод шуд ва ба хонаву киштзорҳои даҳҳо хонавода осеб расонд.
Рафтори номуносиби баъзе аз маъмурони милиса дар Тоҷикистон бо боздоштшудаҳо чанд муддат боз сари забонҳост. Аз аввали имсол ҳодисаҳое ба мисли латту кӯби як зан ва як мард аз тарафи маъмурони милиса дар Душанбе ва қасди худсӯзии cокини 68-солаи ноҳияи Айнӣ дар боздоштгоҳ ба матбуот роҳ ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16-уми апрел бо сафари расмӣ ба Русия рафт. Дафтари матбуоти Кремлин гуфт, ин сафар бо даъвати президенти Русия Владимир Путин сурат мегирад. Гуфта мешавад, имзои чанд созишнома дар назар аст.
Сокинон мегӯянд, рӯз ба рӯз хидматрасонии тиббии ройгон ё бепул дар Тоҷикистон фаромӯш мешавад.
Иштирокдорони мизи гирди Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки Вазорати умури дохилиро зарур аст барои аз байн бурдани ин мушкил чораҳои қатъиро рӯи даст бигирад. Тоза кардани сафи милиса аз ашхоси тасодуфӣ ва муҷозоти сангин барои шиканҷа аз қабили ин чораҳо буда метавонад.
Тасвири раҳо шудани як парранда аз қафас, ки моли тахайюлии як навраси тоҷик аст, дар намоишгоҳе дар Душанбе ба ивази 15 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Дари қаҳвахонаи "Афсона" тайи як ҳафта мешавад, ки аз ҷониби мақомоти ҳукумати ноҳияи Сино муҳр зада шудааст ва ҳудуди 60 нафар аз коргарони он бекор мондаанд.
Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки ба зудӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум бардошта хоҳад шуд, аммо санаи дақиқеро ба забон наоварданд.
Ёфтҳои бештар