Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дарё, пули ларзону садамавӣ ва роҳи дарозу мушкилгузар. Ин ҳамаро кӯдакони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат ҳар рӯз барои расидан то мактаб пушти сар мекунанд.
Дарё, пули ларзону садамавӣ ва роҳи дарозу мушкилгузар. Ин ҳамаро кӯдакони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат ҳар рӯз барои расидан то мактаб пушти сар мекунанд. Мардум талаб доранд, ки ҳарчи зуд дар деҳаҳои онҳо мактаб сохта шавад.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар майдони худ мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии аввалинашро дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рӯзи 5-уми сентябр муқобили мунтахаби Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин бозии гурӯҳи “F” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.
Тарабхонаи "Шоми қалъа", воқеъ дар Ҳисор, баъд аз ду рӯзи таркиши зарфи газ, ки боис ба ҷароҳати даҳ нафар шуд, дубора ба фаъолият оғоз кардааст.
Тарабхонаи "Шоми қалъа", воқеъ дар шаҳри Ҳисор, баъд аз ду рӯзи таркиши зарфи газ, ки боис ба ҷароҳати даҳ корманди он шуд, дубора ба фаъолият оғоз кардааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр гуфтанд, ки ҳодиса "дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ" рух дод". Вале масъулони тарабхона мегӯянд, "қоидаҳои бехатарӣ дар муассиса ҳамеша риоя мешавад ва таркиши газ тасодуфӣ буд".
Муҳаққиқони тоҷик беш аз 30 шеъри устод Садриддин Айниро аз бойгонии ин адиби тоҷик ошкор кардаанд, ки то ҳол нашр нашудаанд.
Шумораи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони Узбекистон афзудааст. Аз чаҳор ҳазор хориҷӣ, ки имсол ба донишгоҳҳои кишвар ҳуҷҷат супурдаанд, беш аз ду ҳазори онҳо аз Узбекистон ҳастанд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ, Салими Аюбзод, мегӯяд, муносибати мақомоти тоҷик, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои байнулмилалии муқими Душанбе ва бештар аз ҳама сокинони пойтахт баёнгари он аст, ки Радиои Озодӣ ҳамчун як расонаи хабарӣ дар ин ҷо ҷойгоҳи хос дорад.
Шишапораҳои рехтаву дастгоҳҳои дӯзандагии парешон, матоъҳои нимдӯхту порашуда ва дару тирезаҳои шикастаи коргоҳе дар маҳаллаи Бедили пойтахт то якуним моҳи пеш макони ҳунаромӯзии занони маълул буд.
Созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои давлативу мустақил хостори танзими бозори реклама дар Тоҷикистон шуданд. Онҳо мегӯянд, бебандуборӣ ва рақобати носолим метавонад дар оянда ин бозорро фалаҷ кунад.
Болоравии қурби расмии доллар дар Тоҷикистон ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир гузоштааст. Коршиносон мегӯянд, азбаски воридоти мол ба Тоҷикистон аз содирот бештар аст, ҳамагуна тағйир дар асъори хориҷӣ зуд вокуниши бозорро ба вуҷуд меорад.
Болоравии қурби расмии доллар дар Тоҷикистон ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир гузоштааст. Коршиносон мегӯянд, азбаски воридоти мол ба Тоҷикистон аз содирот бештар аст, ҳамагуна тағйир дар асъори хориҷӣ зуд вокуниши бозорро ба вуҷуд меорад. Худи мардум чӣ мегӯянд? Дар видео бубинед.
Сомонаҳои хабаргузории "Азия-Плюс" (news.tj ва asiaplus.tj) аз рӯзи 19-уми август боз пурра дастнорас аст. Хонандагони хабаргузорӣ шикоят мекунанд, ки ҳатто ба воситаи VPN ё филтршиканҳо наметавонанд ба сомона ворид гарданд.
Дар канораи шаҳри Панҷакент ҳафриёти Қасри Деваштич, афшин ва ё ҳокими Суғд шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи таърихнигорон, Деваштич аз охирин ҳокимони Суғд дар соли 722 мелодӣ бар зидди нерӯҳои араб бархост, вале дар ниҳоят сарашро аз тан ҷудо карданд ва ба халифаи араб ба Бағдод фиристоданд.
Дар канораи шаҳри Панҷакент ҳафриёти Қасри Деваштич, афшин ва ё ҳокими Суғд шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи таърихнигорон, Деваштич аз охирин ҳокимони Суғд дар соли 722 мелодӣ бар зидди нерӯҳои араб бархост, вале дар ниҳоят сарашро аз тан ҷудо карданд ва ба халифаи араб ба Бағдод фиристоданд
Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон, ки дар даври панҷум ва ниҳоии қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барои аввалин бор дар ин мусобиқот ғолиб шуда, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардид.
Ёфтҳои бештар