Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Беш аз 270 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд.
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон умедвор аст, ки ваъдаи авфи такрории муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия амалӣ мешавад. Масъулон гуфтанд ин масъаларо моҳи гузашта бо як гурӯҳи корӣ аз Русия баррасӣ карданд. Баъзе аз муҳоҷирони рондашуда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба ваъда бовар надоранд.
Рӯзи 5-уми феврал дар шаҳри Душанбе мақомоти Кумитаи дин парвандаи Далер Шарифов, хабарнигори боздоштшудаи тоҷикро шарҳ доданд ва ҳам дар бораи қазияи муттаҳамон ба узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" суҳбат карданд.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, санҷиши ин ниҳод муайян кардааст, ки ширкати "Барқи тоҷик" фаъолияташро дар якуним соли гузашта бо беш аз 3 миллиард сомонӣ зарар ҷамъбаст кардааст
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе амр дод, ки Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик то анҷоми тафтиши парвандааш ду моҳ дар боздошт бимонад.
Сокинони Тоҷикистон субҳи 26-уми декабр гирифти офтобро мушоҳида карданд. Мутахассисон гуфтанд, ки моҳ танҳо 25 дарсади офтобро пӯшондааст. Интизор меравад, моҳи июни соли оянда гирифти хуршед то 80 дарсад бирасад. Тафсилот ва назари мардуму мутахассисонро дар ин гузориши видеоӣ бинед.
Мавсими варзишии имсола ба поён расид. Бархе аз варзишгарони тоҷик дар соли 2019 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба як силсила дастовардҳо мушарраф шуданд. Дар ин гузориш нигоҳе дорем ба бурду бохти варзиши тоҷик дар соле, ки сипарӣ мешавад.
Бунёд Раҳнамо, писари 16-солаи Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки тирамоҳи имсол дар нишасти Варшава бо мухолифони тоҷик дар хориҷ вориди баҳс шуд, барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ" эълон гардид.
Бозпурсии хабарнигори Азия плюс ба хотири наворбардорӣ аз арчаи солинавӣ.
Ёфтҳои бештар