Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Як таронаи шарҳиҳолии овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки ба гуфтаи худаш "посухе ба бадгӯён дар Интернет аст", баҳс барангехт. Мақомот ба ӯ барои истифода аз калимаи "фу" дар тарона огоҳӣ доданд ва гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беэҳтиромӣ хонданд. "Фу" як навъ вокуниш ба чиз ё бӯйи бадест.
Нархи гази моеъ тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон дастикам 60 дирам, баробар ба 6 сенти амрикоӣ, боло рафтааст. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи ҳар литр гази моеъ 3 сомониву 70 дирам ва гоҳе бештар аз он аст. Ин ҳолат ронандагонро нигарон кардааст. Ширкатҳои воридкунандаи ин навъи сӯзишворӣ аз шарҳи сабаби болоравии нарх худдорӣ карданд. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин кор ба кишварҳои содиркунандаи гази моеъ вобастааст.
Дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 1400 мавриди сироят ёфтани сокинон ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ ошкор шудааст. Мутахассисон гуфтанд, ба ин тартиб ҳар рӯз то чаҳор нафар ба ин беморӣ мубтало мешаванд.
Баъд аз бозии тими мунтахаби Тоҷикистон бо футболбозони Қирғизистон, ки бо вокунишҳои зиёд ва аксаран манфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ бо Анваршоҳ Мирзоев, мутахассиси Федератсияи Футбол суҳбат кард ва аз ӯ дар ин бора пурсид.
Коргардонҳои тоҷик дар филми мустанаде беобӣ ва ба як маҳаллаи тақрибан беодам табдил шудани шаҳраки як замон машҳури Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараро ба баҳс кашидаанд. Филм рӯзи 12-уми ноябр дар Душанбе намоиш дода шуд.
Дар Душанбе ба тафтиши ҳавлиҳо ва ёфтану берун кардани чорвои мардум оғоз кардаанд. Ин масъала дар маҳаллаҳои наве, ки тайи се соли ахир ба ҳудуди пойтахт ворид карда шудаанд ва сокинон асосан дар ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд, доғ аст.
Темур Зулфиқоров, нависандаи машҳури русзабон ва зодаи Тоҷикистон, мегӯяд, тасмим гирифтааст, дигар барои иқомат ба Русия барнагардад. Ӯ, ки дар Душанбе ва Варзоб хона ва осоишгоҳи давлатӣ дорад, рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, даврони пириашро дар зодгоҳаш сипарӣ кунад.
Дар Тоҷикистон аз 90-умин солгарди таъсиси театр дар кишвар таҷлил карданд. Соҳибназарон мегӯянд, театри тоҷик дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро гузашта, феълан бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯст.
Иззатулло Латифов, яке аз қурбониёни ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод", рӯзи 7-уми ноябр дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе дафн карда шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ 25 сол дошт ва пас аз адои хидмати ҳарбӣ ҳамчун афсари қарордодӣ дар қисми марзбонии "Султонобод" кор мекард.
Ёфтҳои бештар