Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Як ниҳоди байналмилалии молӣ пешбинӣ кардааст, ки ба сабаби кам шудани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар ду соли наздик, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон суст мешавад. Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 6,5 % мерасад, дар ҳоле, ки соли гузашта аз 8 дарсад бештар буд.
Дар Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми апрел иди Рамазон фаро мерасад, як дастур дар бораи пешгирӣ аз идгардаки кӯдакон баҳси зиёдеро барангехт. Мақомот гуфтаанд, ид гоҳе бинобар бе назорат мондани кӯдакон ба мотам табдил мешавад, иддае мегӯянд, на.
Як дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи манъи идгардаки кӯдакон баҳси доғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Ин ниҳод дар номаи расмӣ омӯзгорони мактабҳоро вазифадор кардааст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани идгардак чора ҷӯянд. Танбеҳи волидон яке аз чораҳо номбар шудааст.
Ҷамшед Деҳқонбоеви 38-сола баъд аз се даҳаи фироқ ва пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ падарашро дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон ёфт ва ба дидораш расид. Мегӯяд, падараш ӯро ҳангоми кӯдакӣ гузоштаву рафта буд. Модараш барвақт аз беморӣ даргузаштааст. Падараш назари худро гуфт, дар видео бинед.
Радиои Озодӣ дар бораи Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловар, ки дар робита ба ҳодисаи "Крокус" боздошт шудаанд, баъзе ҷузъиёт пайдо кард. Хоҳари Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла, ҳамсари Аминҷон Исломов буда, хонаи онҳо дар маҳаллаи Арбобхотун, канораи Душанбе воқеъст.
Баъзе аз наздикони Исроил Исломов, ки ҳамроҳи ду писараш дар робита ба ҳамлаи Крокуси Маскав боздошт шудаанд, дар Тоҷикистон мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифтаанд.
Ҳамла ба толори "Крокус" ва боздошти тоҷикон бо иттиҳоми даст доштан дар он, мардуми зиёдеро дар Тоҷикистон ва муҳоҷиронро дар Русия сахт тарсондааст. Баъзе аз сафар ба Русия даст кашида, гурӯҳи дигар аз бимашон ба Тоҷикистон бармегарданд.
Ҳамла ба толори "Крокус" ва боздошти тоҷикон бо иттиҳоми даст доштан дар он, мардуми зиёдеро дар Тоҷикистон ва муҳоҷиронро дар Русия сахт тарсондааст.
Бо гузашти чаҳор рӯз хонаводаи Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарон дар ҳамлаи хунин дар канори шаҳри Маскав дар бораи фарзандашон бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат кард. Бубинед, модараш чӣ мегӯяд.
Модари Муҳаммадсобир Файзов, дар гузашта сартарош ва ҳоло яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, мегӯяд, ба иттиҳоми эълоншуда ба зидди писараш дар Русия бовар надорад.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" ва боздошти камаш 7 зодаи Тоҷикистон, нигарониҳоро дар миёни муҳоҷирон ва пайвандони онҳо зиёд кардааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз наздикони муҳоҷирон дар хиёбонҳои Душанбе дар ҳамин бора пурсид.
Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ғорати ҳисоби бонкии як нобино дар Душанбе, бонк пули ӯро баргардондааст. Шаш моҳ пеш се ҳазор сомонии Аслиддин Ҷалиловро рабуданд.
Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ғорати ҳисоби бонкии як нобино дар Душанбе, бонк пули ӯро баргардондааст. Шаш моҳ пеш се ҳазор сомонии Аслиддин Ҷалиловро рабуданд. Саргузашти ин нобино интиқоди зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, дуним ҳазор мошини куҳна ё соли истеҳсолашон то 2013 дар сарҳад дармондааст ва бояд дар кишварҳои дигар фурӯхта ва ё ба қисмҳои эҳтиётӣ табдил дода шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳазорон мошини куҳнае, ки дар марз дармондаанд, бояд дар дигар кишварҳо фурӯхта ва ё аз байн бурда шаванд. Хадамоти гумрук дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфт, дуюним ҳазор мошине, ки то соли 2013 истеҳсол шудаанд, бинобар манъ будани вурудашон дар марз дармондаанд.
Ҷамшед Деҳқонбоеви 38-сола, ки дар яке аз бозорҳои Душанбе ароба мекашад, падарашро ҷустуҷӯ дорад. Ин мард, ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон аст, аммо бо хонавода ва фарзандони дигар.
Як ҷавони тоҷик, ки бемории ҷиддие дорад ва пизишкон ба ӯ гуфтаанд, умраш кам мондааст, мехоҳад дар зиндагӣ як бор падарашро бубинад. Ҷамшеди ҷавон ва аробакаш, ки аз замони тифлӣ аз дидори падар маҳрум будааст, ҳоло ӯро ҷустуҷӯ дорад. Умед дорад, падар садои ӯро шунида, ба суроғаш меояд.
Гурӯҳе аз сокинони як бинои 18-ошёна дар Душанбе мегӯянд, аз ночорӣ дар хонаҳое ҷойгир шудаанд, ки на барқ дорад, на об ва на шароити одӣ барои зистан. Ва касе ҳам арзашонро намешунавад. Ширкати бинокорӣ, ки бояд хонаро сохта ба соҳибонашон медод, тақрибан ду сол боз дар анҷоми он таъхир мекунад.
Ёфтҳои бештар