Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Баҳсу даъвои сокинони як маҳаллаи Душанбе ним сол боз бо ширкати сохтмонӣ идома дорад. Ширкат мехоҳад, сокинон хонаҳоро холӣ кунанд, то дар ҷойи онҳо бинои дигаре бисозад, аммо соҳибони хонаҳо мегӯянд, то талабҳояшон иҷро нашавад, ба ҳеҷ ҷой намераванд.
Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе аз эҳтимоли тахриби манзилҳояшон аз сӯи ширкати сохтмонии "Фарҳоди Ваҳдат" нигаронанд.
Дар як ҳамоише дар Душанбе аз роҳҳои нави муваффақ шудани занон дар тиҷорати хурду миёна ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ин роҳ гуфта шуд.
Аввали ҳамин ҳафта дар як ҳамоише дар Душанбе гуруҳе аз тоҷирону мутахассисон ҷамъ омаданд ва гуфтанд, ки чӣ кор бояд кард, то занони тоҷик дар тиҷорат муваффақ шаванд. Занон ки нисфе аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ҳангоми соҳибкорӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар нишасти байналмилалӣ дар Душанбе Толибонро танқид кард ва гуфт онҳо кишварро ба як зиндони бузург табдил додаанду сокинонро шиканҷа мекунанд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои ширкат дар нишасти байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ба Тоҷикистон омад.
Пайвандони як зани ҷавон дар ноҳияи Варзоб ба гум шудани ӯ хонаводаи шавҳарашро муқассир донистанд. Иддаое, ки ҷониби дигар рад карда, мегӯяд, ӯ барои муоина ба назди духтур рафту дигар барнагашт. Рӯзигули Маҳмадсаид 13-уми октябр боз бедарак аст.
Хонаводаи як зани ҷавон аз ноҳияи Варзоб, ки беш аз як моҳ боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, дар бедарак шудани ӯ ҷабру ситам дар хонаводаи шавҳарашро сабаб медонанд. Иддаое ки шавҳари ин зан рад мекунад ва мегӯяд ҳамсараш барои муоина ба назди табиб рафт ва дигар барнагашт.
Шералӣ Ҳотамови 75-сола дар Душанбе китоб мефурӯшад, аммо ба гуфтааш "на аз рӯйи зарурат, балки ба хотири маърифати ҷавонон".
Бунёди Сорос корашро дар Тоҷикистон бас мекунад. Баъзе аз намояндагонаш дар суҳбати бидуни сабт тасмимро ба "тағйири сохторӣ" пайванд доданд. Созмон дар 25 соли буданаш дар Тоҷикистон яке аз манбаъҳои асосии ёрирасон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил будааст.
Камбуди нерӯи барқ дастрасии сокинони як маҳалларо дар ноҳияи Муъминобод ба об мушкил ва зиндагияшонро сахт кардааст. Онҳо аз мақомот мепурсанд, ки масъала кай ҳал хоҳад шуд. “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум тасдиқ карда, аммо муҳлати анҷомашро нагуфтааст.
Бар асоси пешбиниҳо, 15-уми ноябр шумори сокинони тамоми сайёра ба 8 миллиард нафар баробар мешавад. Аз ин 8 миллиард нафар 10 миллион нафараш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Дар ин рӯз ҳамкорони мо аз раҳгузарон дар Душанбе ва Бохтар пурсиданд, ки афзоиши аҳолӣ барои сайёра хуб аст ё не?
Табибони тоҷик бори аввал ҷарроҳии девори қафаси сина бо пайвандсозӣ аз тур ва пластикаро таҷриба карданд.
Бориши барфу борон дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мушкили куҳнаро дубора бармало карду даҳҳо ронанда ва мусофирро саргардон. Сангреза роҳи Душанберо ба Хоруғ муваққатан баст. Роҳ аз пойтахт ба Хуҷанд низ ба рӯи мошинҳои борбар пӯшида шуд.
Дар як гӯшаи YouTube-и тоҷикӣ, ки пур аз барномаҳои мазҳакавӣ аст, барномаеро дидан мумкин аст, ки дар он сӯҳбат фақат аз китобу китобхонӣ меравад. Барнома “Китобхон” ном дорад ва дар бораи афроде аст, ки бо мутолиаи зиёд зиндагии худро тағйир додаанд.
Барномае, ки ҳадафаш таблиғи фарҳанги китобхонӣ аст, дар як сол тавонист то андозае ба ҳадафаш бирасад.
Масъулони созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ду соли охир чиҳил шикоятро дар бораи шиканҷа шудани боздоштшудаҳо сабт кардаанд. Намояндагони Додситонии кул мегӯянд, аз аввали имсол ба дасти онҳо шаш ариза расид, “аммо ҳеч кадоме тасдиқ нашуд”.
Дар шаҳри Душанбе имрӯз гуруҳе аз муфаттишон, масъулони зиндонҳои Тоҷикистон ва ҳомиёни ҳуқуқ ҷамъ омаданд ва шеваҳои аз байн бурдани шиканҷаву бадрафтории маъмурони милисаро баррасӣ карданд.
Давоми беш аз 50 соли фаъолияти эҷодияш вай даҳҳо асарҳои таърихӣ навиштааст, ба мисли «Куруш ва Томирис», «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен», «Рухшона», «Метис» ва «Фариштаҳои бадманиш». Дар зодрӯзаш Бароти Абдураҳмон меҳмони Радиои Озодӣ шуд.
Ёфтҳои бештар