Аз соли 2001 ҳамкори Бахши тоҷикии радио "Озодӣ" мебошад. Пеш аз он хабарнигори радиои "Садои Хуросон" дар Душанбе буд. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Суруш" буд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад.
Мақомот иддаои расонаҳои Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаи истихроҷи уранро бепоя хондаанд.
Бо гузашти 21 сол аз тазоҳуроти Душанбе, ки ҷони 25 нафарро рабуд, ин ҳодиса таҳқиқношуда боқӣ мондааст.
Бо гузашти ду даҳсола аз воқеаҳои хунини баҳманмоҳ, ки бар асари он 25 нафар кушта шуд, ин ҳодиса ҳанӯз баҳои ҳуқуқӣ ва таърихӣ нагирифтааст.
Раисҷумҳур дар ҷаласаи Шӯрои амниятӣ ба “тақвият ёфтани экстремизми динӣ” ишора кардааст.
Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” шумораи парвози худ ба Эронро ба ҳафтае як маротиба коҳиш додааст.
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба дари Ҷамъияти саҳҳомии "Фурӯшгоҳи марказӣ" ё "ЦУМ" мӯҳр задааст.
Баррасии даъвои Анвар Тағоймуродов алайҳи нашрияи "Азия-Плюс", ба далели ҳозир нашудани ҷониби даъвогар, ба 14-уми феврал ба таъхир андохта шуд.
Мақомоти "Талко"мегӯянд, сару садо дар мавриди олудагии муҳити атроф бар асари партобҳои корхонаи алюминиюм воқеъият надорад.
Бар асоси пажӯҳиши анҷомдодаи як созмони амрикоӣ бо номи «Пю рисерч» то соли 2030 ҷамоеъаи мусулмонӣ дар кишварҳои осиёӣ ба суръат афзоиш хоҳад дошт.
Зафар Абдуллоев хабаргузории “Авесто”-ро ба ихтиёри ҷамъияти “Муҳаммад Ҳилол”, ки молики "Бизнес и политика" низ ҳаст, вогузоштааст.
Бо вуҷуди нигаронкунада будани авзоъ дар Миср, давлати Тоҷикистон шаҳрвандонашро бозпас намеорад.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз баррасии даъвои хабаргузории "Авесто" алайҳи ширкати "Сомон Эйр" худдорӣ кардааст.
Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ нашрияи "Азия-Плюс"-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.
Аксари соҳибназарон аз таъсиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон истиқбол карданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз вуқӯъи инфиҷор дар наздики раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷилавгирӣ карданд.
Тоҷикистон дар заминаи танзими истифода аз иншооти обӣ ва оби рӯдхонаҳо дар соли 2010 аз Қазоқистон ҳудуди 300 000 доллар дарёфт кардааст.
Кормандони ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” бо шикоят аз бархӯрди муассиси нашрия дастаҷамъона ба истеъфо рафтаанд.
Wikileaks таҳдид кард, ки номи сиёсатмадорони сармоядори оффшорро фош хоҳад кард. Оё дар ин миён номе аз Тоҷикистон низ фош хоҳад шуд?
Бо кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озмоишгоҳи назорати радиатсионии Оҷонси амнияти атомии Тоҷикистон бозсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифта ва амнияти техникии партобгоҳи маводи радиоактив дар ноҳияи Файзобод низ таъмин шудааст.
Тасвиби созишномаи ба ихтиёри Чин вогузор шудани 3 дарсад аз ҳудуди Тоҷикистон, идомаи ҳаводиси Рашт, тағйироти эҳтимолии кадрӣ дар ҳукумат ва бозгашти Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик, ба Амрико аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе мебошад.
Ёфтҳои бештар