Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Сардии ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон камбуди ҳаммоми умумӣ барои занонро ошкор кард. Баъзе аз бонувони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар хонаҳояшон дар Душанбе ва Бохтару Хуҷанд об надоранд, вале барои шустушӯ ҳаммоми занонаи мувофиқ низ намеёбанд.
Дар пайванд ба марги сарбоз Лутфуллои Давлатмаҳмад як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Майор З.Муродов "ба муносибати хунукназарона" (қисми яки моддаи 392-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст, ки ба марги сарбози қисми сарҳадбонии ноҳияи Панҷ сабаб шуда.
Сардиҳои камсобиқаи зимистони имсол маъмурияти ягона боғи ҷонваронро дар шаҳри Кӯлоб ба ташвиш овардааст.
Бозигарон ва мураббии дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, имомхатиби масҷидро раҳбари даста интихоб карданд. Онҳо умед доранд, ки Саидакрам Сироҷев барои пешрафти даста ва роҳ ёфтани он ба мусобиқаҳои баланд мусоидат мекунад. Назарҳо ба кори ӯ яксон нест.
Бозигарон ва мураббии дастаи "Ҳулбук" дар ҷануби Тоҷикистон имомхатиби масҷидро раҳбари даста интихоб карданд. Онҳо умед доранд,ки Саидакрам Сироҷев, барои пешрафти даста ва роҳ ёфтани он ба мусобиқаҳои баланд мусоидат мекунад.
Дилноза Маматова дар ду соли гузашта хобро ба қавле дар хобаш мебинад. Панҷгоникҳо намегузоранд, ки чашмонашро бибандад. Яке бесабаб мегиряд, дигарӣ аз гуруснагӣ. Саввумӣ шӯху ноором аст.
Ду соли пеш дар ҳамин шабу рӯз дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё омад. Волидайни тифлон мегӯянд,бо бузург шудани кӯдакон ташвиши онҳо камтар нашудааст ва парасторияшон бо мушкил даст медиҳад.
Додситонии Кӯлоб ба таҳқиқи марги як сарбозе аз ноҳияи Восеъ оғоз кардааст, ки фақат ду моҳ пеш барои хидмат ба артиш рафта буд. Лутфуллои Давлаҳмад 26-сола, ки ва як дар қисми марзбонӣ дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, субҳи 7-уми январ даргузаштааст.
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъди 15 соли фаъолият бо айби фармоишгарон, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ маҷбур аст, корхонаашро барҳам бидиҳад. Ӯ иддао дорад, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Идораи молияи шаҳр рад мекунад.
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъд аз 15 соли фаъолият бо айби фармоишгарон, аз ҷумла идораҳои давлатӣ, маҷбур аст, корхонаи сафолсозияшро барҳам бидиҳад. Исмоил Идрисов иддао дорад, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор аст. Идораи молияи шаҳр рад мекунад.
Дар Хатлон мавсими нави бузкашӣ бо пирӯзии човандоз аз Узбекистон оғоз ёфт. Аввалин сабқати бузкашӣ дар соли равон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор шуд.
Ҳақназар Ғоиб, шоири шинохтаи тоҷик 80-сола шуд. Ӯ дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ягона фарзанд дар хонаҷодаи падар шеърнависиро аз замони наврасӣ оғоз кардааст.
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб, ки ҳамвора маъмурони интизомӣ, аз ҷумла додситонҳоро барои тафтиши ноҷо ва фишори зиёд танқид мекард, ба бастани дӯконаш водор шудааст. Намояндаи Додситонӣ соҳибкорро ба фурӯхтани маҳсулоти муҳлаташ гузашта муттаҳам кард.
Кори хонум Гавҳарбӣ Пиракова ҳар субҳ аз нигоҳубини дарахти банан оғоз мешавад.
Як зани 80-сола дар ноҳияи Восеъ чанд сол боз талоши парвариши дарахти бананро дорад. Заҳмати ӯ бенатиҷа набудааст. Ҳосили аввалин дарахтро ӯ дид. Пиразани заҳматкаши тоҷик тоҷик мехоҳад, нишон диҳад, ки ин меваи тропикиро мешавад дар Тоҷикистон ҳам парвариш кард.
Дар қасри Ҳулбук дар шаҳри Кӯлоб бостоншиносон ҳангоми ҳафриёт шабакаи обрасониро пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо эҳтимол ба ҳайси шабакаи гармидиҳӣ хидмат мекард.
Ду хоҳар дар шаҳри Кӯлоб, бар хилофи хостаи атрофиён, қолабшиканӣ карда, ба муштзанӣ рӯ овардаанд.
Як ҷавони 27-сола дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пас аз панҷ соли таҳсил дар Душанбе ба зодгоҳаш баргашт ва ба табобати ҳайвоноти бемор машғул аст. Барои Сомон Сайфиддинов касби байторӣ дар ин ноҳия обрӯ овардааст ва ҳоло даҳҳо нафар наздаш корафтода мешаванд.
Дар шаҳри Кӯлоб сокинони маҳаллаи наздики рӯдхонаи Девонасой аз сифати соҳилбандӣ розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, сели ахир сифати пасти корро нишон дод, ки он ҳам нотамом мондааст. Ҳоло мардум метарсанд, ки мабодо баҳор сели бузургтар биёяду мисли солҳои пеш хонаҳояшонро вайрон кунад.
Як сокини ноҳияи Восеъ солҳо боз саг парвариш мекунад ва ба сагонаш фармонбардориро таълим медиҳад.
Ёфтҳои бештар