Соли 1989 Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кардааст. Як муддат хабарнигори оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс", бахши тоҷикии Би-би-сӣ ва баъзе аз расонаҳои русизабон буд. Аз соли 2014 дар Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар Тоҷикистон ба зудӣ филми наве бо номи "Бачаи обӣ" ба намоиш медарояд, ки доир ба як фалокати эҳтимолии умумибашарӣ нақл мекунад. Филмро дар соҳили Қайроққум ба навор гирифтаанд.
Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки истиқлолият шароити рушд ва истифодаи комил аз забони давлатӣ-тоҷикиро фароҳам кардааст. Аммо, соҳибназарон мегӯянд, ки дар фановариҳои навин тоҷикон ҳамчунон ба гунаи замони шӯравии пешин водор мешаванд аз истилоҳоти забонҳои ғайр истифода кунанд.
Эълони кушода шудани марзҳои Узбекистон, рӯзи 1-уми октябр, даҳҳо нафарро дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ овард.
Филмсози маъруфи тоҷик, Борис Кимёгаров, рӯзи 30-юми сентябр 100-сола шуд. Ӯ 58 сол умр дид ва аз як омӯзгори қатории забони тоҷикӣ дар мактаби миёнаи Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба яке аз коргардонҳои машҳур табдил ёфт.
30-юми сентябр филмсози маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров 100-сола шуд. Дар 58 соли умраш аз як омӯзгори қатории забони тоҷикӣ дар мактаби миёнаи Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба яке аз коргардонҳои машҳур табдил ёфт ва номи худро дар таърихи синамои тоҷик боқӣ гузошт. Аммо поёни умри ӯ фоҷиаомез буд.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ки шоми 22-юми сентябр шахсони ношинос дар наздикии хонааш дар шаҳри Душанбе ба ӯ ҳамла кардаанд.
Рӯзи 1-уми сентябр дар Тоҷикистон аз садсолагии Муҳаммад Осимӣ, президенти пешини Академияи илмҳо ва раиси ҷамъияти "Пайванд", таҷлил карданд. Осимӣ 24 сол пеш аз сӯйи афроди мусаллаҳ дар Душанбе кушта шуд.
Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони фавти одамон дар ним соли гузашта, дар замони пандемияи коронавируси нав, бештар шудааст, вале фавт ба бемории COVID-19 рабт надорад.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар замони пандемияи коронавируси нав бо камбуди буҷа рӯбарӯст, ҳукумат тасмим гирифтааст, ки маоши кормандони идораҳои давлатӣ ва нафақаву стипендияро то 15 дарсад афзоиш диҳад.
Густариши бемории COVID-19 дар ҷаҳон вуруди сармояҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, 5000 сокини Тоҷикистон, ки барои адои маросими Ҳаҷҷи имсол сабти ном кардаанд, бо ақибнишнии пандемияи СОVID-19
Як гуруҳ аз сокинони деҳаи Девдараи ноҳияи Варзоб иддао доранд, ки мақомот хонаҳои нимасохти онҳоро ғайриқонунӣ номида ва баъзеашонро вайрон кардаанд.
Ёфтҳои бештар