Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Масъулони Ҳизби демократи Тоҷикистон иддао доранд, ки аз як "табаддулот"-и дохилиҳизбӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин "табаддулот" нақшаи камранг кардани эътибори раиси он Саидҷаъфар Усмонзодаро дар назар доштааст.
Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, ки соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, аз Владимир Путин дар ҳалли қазияааш кумак хостааст.
Имкони таҳсил дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба зиндагии Мавзун як ҷавони нобино ва ятим ранги дигар бахшид. Ӯ ҳар субҳ бо либоси дарсӣ ва ҷузвдону асбобҳои мусиқӣ роҳ сӯи таълимгоҳ мегирад.
Аз ин ба баъд рӯзҳои панҷшанбе дар мактабҳои пойтахт рӯзи маъмулии дарсӣ нест. Дар ин рӯз дар баробари омӯзгорон кормандони пулис дар дарсҳо иштирок ва раванди таълимро назорат мекунанд.
Аз ин ба баъд рӯзҳои панҷшанбе дар мактабҳои пойтахт рӯзи маъмулии дарсӣ нест. Дар ин рӯз дар баробари омӯзгорон кормандони пулис дар дарсҳо иштирок ва раванди таълимро назорат мекунанд. Онҳо, инчунин, мушаххас хоҳанд кард, ки давоми як ҳафта кӣ ва бо кадом сабаб дар дарс иштирок накард.
Ду корвони пур аз бор – яке аз Самарқанду Бухоро дигаре аз Хатлону Ҳисор – ба шаҳрҳои якдигар мераванд. Ин тандисҳо ёдоварӣ аз замонест, ки уштур василаи асосии нақлия буд.
Насби муҷассамаи корвони уштурҳо дар шоҳроҳи Турсунзодаро мақомот рамзи дӯстии тоҷикону узбекҳо номиданд. Инҳоро ба истиқболи президенти Узбекистон, ки қарор аст рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ояд, дуруст кардаанд.
Вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш дар маҳаллаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор (дар наздикии сарҳади Афғонистон), ки ба нақли сокинон "шиками бузург" дорад, мардумро сахт нигарон кардааст. Онҳо гуфтанд, ки марди ниқобпӯш шабона ба хонаҳо даромада, аммо ба молу ҷиҳоз даст намерасонад.
Дар шаҳри Кӯлоб ба нафарони имконияташон маҳдуд кӯмак карданд
Як довталаби нобино аз болои раҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба Додситонии кулл шикоят кардааст. Мавзун Ғафурзода мегӯяд, раҳбарияти Консерватория бо баҳонаи онки барои таълими нобиноҳо мутахассис надоранд, аз қабули ӯ худдорӣ кардааст.
Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, барои иштирок дар мурофиаи гумонбар дар қатли духтари панҷсолааш Ҳувайдо Тиллозода ба Маскав рафт.
Абдусалом Саидов, сокини Кӯлоб, барои иштирок дар мурофиаи гумонбар дар қатли духтари панҷсолааш Ҳувайдо Тиллозода ба Маскав рафт. Аммо пеш аз сафар, субҳи 21-уми август, қабри духтарашро зиёрат кард ва дар ҳамон ҷо ваъда дод, то замоне ба қотили Ҳувайдо ҳабси якумрӣ надиҳанд, ором нахоҳад гирифт.
Баъди як гузориши Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб садҳо аломати роҳро, ки қаблан аз тарафи афроди ношинос дуздида шуда буд, дубора барқарор кардаанд.
Як хонавода дар ҷануби Тоҷикистон аз Владимир Путин, президенти Русия тақозо кардааст, ки дар таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи қатли оила бародари соҳибкорашон дар шаҳри Магнитогорск ва ҳам се сокини дигари водии Вахш мусоидат кунад.
Шаби 27 ба 28-уми июл, ки мардум дар Тоҷикистон “Гирифтани моҳро тамошо мекарданд, гурӯҳе дар кӯҳҳои Норак, дар партави моҳи хунин барномаи як ҳамлаи хунинро мекашид.
Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди ташхиси бакорат дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор дод, ки бо ин баҳона набояд шаъну шарафи занон поймол шавад. Масъулини Шӯро мегӯянд, бакорат масъалаи хусусӣ аст ва аз ин роҳ бо обрӯи занон бозӣ кардан дуруст нест.
Парвандаи ҷиноии як ходими полиси Кӯлоб, ки саҳнаи ришва талаб кардани ӯ аз як сайёҳи руминӣ мавриди интиқоди шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, қатъ шудааст.
Cокинони маҳаллаи Навободи боло дар ноҳияи Синои пойтахт шикоят доранд, ки назди хонаашон ба партобгоҳе табдил шудааст ва ин ба солимии фарзандонашон зарар дорад.
Ёфтҳои бештар