Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе манзили онҳоро дар кӯчаи Қаротегини пойтахт ба фоидаи Кумитаи сармоягузорӣ мусодира кардааст.
Баъди 5 рӯзи сафари вазири умури хориҷии Туркия ба Тоҷикистон, сафири ин кишвар дар Душанбе аз натиҷаи он дар ҳузури хабарнигорон суҳбат кард. Дипломати турк сафари Ҳоқон Фиданро ба Душанбе бомуваффақият арзёбӣ карда, ҳамчунин, мавқеи кишварашро ба баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баён дошт.
Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба гузориши нави Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ки вазъи ҳуқуқи одамонро дар кишвар боис ба ташвиш хондааст, яксон нест.
Додситони кули Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи Акмал Юсуфзода, подполковники Вазорати корҳои дохилиро ба анҷом расондааст. Юсуфзода ба рабудани Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат муттаҳам аст.
Пайвандони як ҷавон аз шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бо гузашти се моҳ аз лаҳзаи боздошт намедонанд, ки ӯ дар чӣ ҳол аст ва ҷараёни таҳқиқи парвандааш ба куҷо расида.
Аксар сокинони як маҳаллаи лӯлинишин дар Тоҷикистон аз талбандагӣ ё касби, ба гуфтаи худашон, “бобоӣ” даст кашида, бештар ба муҳоҷирати корӣ рӯй овардаанд. Шодоб-1 бо зиёда аз дусад оила дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ҷойгир аст.
Нархи телефонҳои мобилӣ дар мағозаҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Харидорон мегӯянд, телефони мобилиро назар ба рӯзҳои пеш 15-20 дарсад гаронтар мехаранд. Тоҷирон сабаби инро ба сабти IMEI ва расмиёти гумрукӣ рабт доданд.
Нархи телефонҳои мобилӣ дар мағозаҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Ҳоло сокинон телефони мобилиро аз тоҷирон бо арзиши 15-20 дарсад гаронтар аз рӯзҳои пеш дастрас мекунанд. Тоҷирон мегӯянд, боло рафтани арзиши телефонҳои мобилӣ ба сабти IMEI ва расмиёти гумрукӣ рабт дорад.
Гази моеъ, як сӯзишвории серистифода дар Тоҷикистон, тайи се ҳафтаи охир якуним сомонӣ арзон шудааст, аммо сокинон шикоят доранд, ки чаро нархи роҳкиро поин наомад.
Нархи гази моеъ, ки тайи як моҳи гузашта гарон шуда буд дигарбора поин рафтааст. Чун ҳамеша баробари боло рафтани нархи газ, ки ронандагон дар Тоҷикистон аз он истифода мебаранд, роҳкиро ҳам қимматтар шуда буд. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки чаро бо арзон шудани нархи газ, роҳкиро бетағйир монд?
Дар Тоҷикистон, ки таъмини мардум бо ҷойи зисти муносиб яке аз масъалаи ҷиддӣ мемонад, бесарпаноҳонро метавон дар ҳар гӯшаву канори кишвар дид. Мушкили бехонагону аҳволи онҳоро дар Душанбе дар ин навор бинед.
Дар Тоҷикистон, ки таъмини мардум бо ҷойи зисти муносиб яке аз масъалаҳои ҷиддӣ мемонад, бесарпаноҳонро метавон дар ҳар гӯшаву канори кишвар дид.
Вокунишҳо ба паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мардум ва порлумон яксон нест. Намояндагони мақомот онро "муҳиму пурмуҳтаво" хонданд, аммо баъзе аз коршиносони мустақил "ҳисоботдиҳӣ". Маросим рӯзи 28-уми декабр гузашт.
Як маркази байналмилалии омӯзиши забони англисӣ дар радабандии худ Тоҷикистонро аз нигоҳи донистани забони англисӣ дар зинаи пасттарин қарор додааст.
Дар Тоҷикистон ба зудӣ қонуне ба иҷро медарояд, ки иҷоза намедиҳад, масалан дар бемористон, идораи барқ, ё ҳар муассисаи дигари давлатӣ пули нақд пардозед. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе аз роҳгузарон пурсиданд, ки супурдани пули барқу об тариқи ғайринақдӣ барояшон мушкил нест?
То поёни соли 2023 тақрибан даҳ рӯзи дигар мондааст. Ин сол барои мардум чӣ гуна соле буд? Аз соле, ки меравад, чӣ хотираҳо доранд? Кори муҳиме, ки имсол дар зиндагии худ анҷом доданд, кадом буд? Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз мардум бо ин суолҳо муроҷиат карданд.
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз боз аз кори низоми гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, шабҳои сарди зимистони имсоларо дар хонаҳои сард мегузаронанд. Интиқоли оби гарм ба баъзе аз маҳаллаҳо рӯзи шанбе, 16-уми декабр, бас шудааст.
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз боз аз кори низоми гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, аввалин шабҳои сарди зимистони имсоларо дар хонаҳои сард мегузаронанд. Интиқоли оби гарм ба баъзе маҳаллаҳо рӯзи шанбе, 16-уми декабр, бас шудааст.
"Корхона роҳашро ёфта, ҳал мекунад, вале барои халқ ҷабр мешавад." Хабари то 16 дарсад афзудани нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар Тоҷикистон Муқимшоҳ Маҳмадалиев, сокини ноҳияи Восеъро нигарон кардааст.
Ёфтҳои бештар