"Узвҳои дарунии баданаш набуд". Таҳқиқи ҷасади марди озарии дар полиси Русия кушташуда чиро нишон дод?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздоштҳо дар Озарбойҷону Русия

Дар расонаҳои ҷаҳонӣ шоми 1 июл навори боздошти дастаҷамъӣ ва интиқоли шаҳрвандони боздоштшудаи Русия дар Озарбойҷон намоиш дода шуданд. Ин наворҳо шабеҳи боздоштҳои муҳоҷирони кории собиқ Шӯравӣ дар Русия мебошанд, ки ин дафъа ба боздошти аъзои гурӯҳи муттаҳам бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ бахшида шудаанд.

Рӯзи сешанбе бо ишора ба боздошти шаҳрвандонаш Русия ба сафири Озарбойҷон дар Маскав эътироз баён кард. Аслан ташаннуҷ дар равобити Маскаву Боку ҳафтаи гузашта пас аз боздоштҳо ва марги ду озарӣ дар боздоштгоҳи Русия оғоз ёфт.

Озарбойҷон мегӯяд, таҳқиқи ҷасади ду бародари озарбойҷонии дар идораи полиси Русия даргузашта нишон дод, ки онҳоро то мурдан латукӯб кардаанд. Ин ҳодиса аз амиқрафти ихтилофҳо дар робитаҳои миёни Маскаву Боку шаҳодат медиҳад.

Рӯзи 1 июл додситонҳои Озарбойҷон гуфтанд, ки аз рӯи ҳодисаи марги бародарон Ҳусейн ва Зиёуддин Сафаровҳо баъди боздошташон дар шаҳри Екатеринбург ҳафтаи гузашта, аз рӯи моддаи “куштор” парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар изҳороти додситонии кулли Озарбойҷон гуфта шудааст, ки “шаҳрвандони Озарбойҷон ва озаритаборҳо қурбонии шиканҷа ва марги барқасдона бо бераҳмии махсуси афсарони сохторҳои ҳифзи қонуни Федератсияи Русия” гардиданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"То мурдан латукӯб шудаанд!"

Дар идомаи амиқрафти бӯҳрон дар равобити байни ду кишвар, шоми рӯзи душанбе Озарбойҷон як гурӯҳи кормандони матбуоти Русияро бо иттиҳоми тақаллуб боздошт карданд ва ин амали Боку мояи эътирози Маскав гардид.

Ин ҳодисаҳо метавонад робитаҳои Русияро бо Озарбойҷони ғанӣ аз нафт ва муттафиқи Туркия хароб кунад. Рӯзи сешанбе сафири Озарбойҷон ба вазорати корҳои хориҷии Русия даъват ва ба дасташ эътирози расмии зидди Боку “барои амалҳои ғайридӯстона” ва “ҳабси ғайриқонунии” журналистонаш супурда шуд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфт, ки бо ҳабси журналистон Озарбойҷон “як вокуниши фавқулодда эҳсосотӣ” нишон дод ва Русия барои озод кардани онҳо вориди музокирот мешавад.

Песков, аз ҷумла, гуфт: «Айни замон суҳбати миёни президентони Русия ва Озарбойҷон дар нақша нест, вале агар зарур шуд, ҳатман дар фурсати кӯтоҳ барпо мешавад. Аз қарорҳои қабулшуда самимона изҳори таассуф мекунем. Муҳим аст, ки кори мушаххас кардани сабаб ва табиати он ҳодисаҳо, ки ба гуфтаи ҷониби Озарбойҷон сабаби эътирози онҳо шудааст, идома дода шавад. Ба бовари мо, ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар Екатеринбург рух додааст, ба кори ниҳодҳои ҳифзи қонун рабт доранд ва набояд боиси чунин вокунишҳое шаванд. Мо дар рушди муносибатҳои хуб бо Озарбойҷон дар оянда манфиатдор ҳастем”.

Ҳодисаҳо аз ҳафтаи гузашта авҷ гирифтанд. Дар Екатеринбурги Русия, ки як шаҳри саноатӣ мебошад, як силсила рейдҳои зидди озаритаборҳо сурат гирифт. Мақомоти рус гуфтанд, ки афроди дастгиршуда бо ҷиноятҳои ҳалношудаи солҳои гузашта, аз ҷумла кушторҳои занҷираӣ иртибот доранд.

Муфаттишони рус дар оғоз гуфтанд, ки Зиёуддин Сафаров аз дарди дил даргузашт ва сабаби марги Ҳусейнро нагуфтанд. Ҷасади ин ду мард рӯзи душанбе ба Боку интиқол дода шуданд.
Адолат Ҳасанов, раиси идораи колбадшикофии назди вазорати беҳдошти Озарбойҷон гуфт, таҳқиқи аввалияи ҷасадҳо нишон медиҳад, ки бародарон Сафаровҳо дар натиҷаи “шоки баъди осеби” ҷисмонӣ дар натиҷаи латукӯбҳои шадид ҷон додаанд. Ӯ дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, изҳороти муфаттишони рус, ки навиштаанд, Зиёуддини 55-сола аз “норасоии дил” даргузаштааст, “дурӯғи маҳз” аст.

Адолат Ҳасанов, ки рӯзи сешанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт: “Баъди боз кардани косахонаи сар, хунравии зиёде дар бофтаҳои сахту нарми майна ошкор шуд. Осеби кунди қафаси сина ва шикастану ҷойивазкунии чанд қабурға аз ҳарду тараф аз рӯи чандин хати анатомӣ мушоҳида шудааст. Аз ҳар тараф 7-8 қабурғаи шикаставу ҷойивазкарда вуҷуд дорад”. Ҳасанов афзуд, ки дар таҳқиқи баъдӣ "дар бадани Зиёуддин чандин мавриди шикастани устухонро дар натиҷаи латукӯб ошкор гардид. Ҳамаи қабурғаҳояш шикаста, дар сараш хунравӣ ошкор шуд, ки ин низ аз зарбаи сахт ба вуҷуд омадааст”.

Адолат Ҳасанов афзуд, бародари дигар Ҳусейн, ки соли 1966 таваллуд шудааст, ҳамунин дар натиҷаи латукӯб ҷон додааст. Ӯ гуфт, ки дар паи колбадшикофӣ дар Русия тамоми узвҳои дарунии фавтида гирифта шудаанд, ки "ин метавонад бо мақсади пинҳон кардани сабабҳои аслии марг анҷом шуда бошад".


Баъди марги ду марди озарбойҷонӣ, Маскав ва Боку бо ҳамдигар раддубадалҳое доштанд. Боку полиси Русияро дар кушторҳои худсарона “дар заминаи миллӣ” интиқод кард, вале Маскав инро рад мекунад. Русия пойфишорӣ мекунад, ки ҳамаи шаш марди ҳабсшуда шаҳрванди Русия мебошанд.

Кофтукобҳои полиси Озарбойҷон алайҳи журналистони рус дар Боку, аз ҷумла дар дафтари намояндагиҳои “Спутник Озарбойҷон”, намояндагии расонаи давлатии “Россия сегодня” барпо шуд.

Як манбае дар Озарбойҷон гуфт, ки ду нафар расман ба ҳабс ва панҷ нафар таҳти тафтиш қарор дода шуданд. Манбаъ гуфт, ки онҳоро аз рӯи гӯё тақаллуб, соҳибкории ғайриқонунӣ ва пулшӯӣ боздошт кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тиратар шудани равобити Маскаву Боку баъди боздошти журналистони русОзарбойҷон ҷашнвораи Русияро бекор ва ду "ҷосуси ФСБ"-ро боздошт кард"Ду нафар ваҳшиёна кушта шуд." Эътирози Озарбойҷон аз рейди пулиси Русия