Боздошти ду хабарнигори рус дар Боку ҷанҷол байни Озарбойҷон ва Русияро сахттар кард. Мақомот гуфтанд, ки рӯзи 30-уми июн дар идораи хабаргузории давлатии "Спутник"-и Русия тафтиш анҷом доданд ва Игор Картавих, мудири дафтар ва Евгений Белоусов - сардабири дафтари хабаргузориро, ки гӯё кормандони ФСБ ва ё Хадамоти амнияти федералӣ будаанд, дастгир карданд.
Боздошти ду хабарнигор бо дастони баста ва намоишкорона бурдани онҳо ба самти мошин, Маскавро асабонӣ кард ва сафири Озарбойҷонро ба вазорати корҳои хориҷии Русия хондаанд.
Ба ӯ гуфтаанд, ки ҳукумат аз амалкардҳои ғайридӯстона ва боздошти ғайриқонунии хабарнигорони рус сахт норозист. Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, ки Игор Картавих - мудири дафтар ва Евгений Белоусов маъмурони Хадамоти амнияти федеролии Русия ҳастанд ва субҳи рӯзи 30-уми июн дастгир шуданд.
Як хабарнигори дигареро, ки барои шабакаҳои Русия кор мекард, дертар дастгир карданд. Боздошти шаҳрвандони Русия баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 27-уми июн маъмурони Хадамоти амнияти федеролии Русия 6 нафар аз озаритаборонро дар шаҳри Екатеринбург дастгир карданд.
Дар ҷараёни амалиёт ду бародар - Ҳусейн ва Зиёвуддин Сафаровҳо ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ҳамаи ин афрод шаҳрвандони кишвар ҳастанд ва яке ба сабаби аз кор мондани дилаш фавтидааст. Аҳли хонаводаашон гуфтаанд, ки ин бародарон аз зарби латукӯбу шиканҷа ҷон додаанд. Ба қавли мақомоти Русия, боздоштшудагон ба қатлҳои фармоишии солҳои гузашта муттаҳам мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боздошти хабарнигорони рус ҷанҷоли Русияву Озарбойҷонро амиқтар кард
Ҳукумати Озарбойҷон баъди ин амалиёт, мақомоти интизомии Русияро ба қатли ҳадафмандонаи озариҳо муттаҳам кард. Ба дипломатҳои рус расман номаи эътирозӣ дод ва барномаҳои фарҳангии Русияро дар Озарбойҷон лағв кард. Дар Озарбойҷон ин нигаронӣ ҳаст, ки мумкин аст, аҳволи озариҳо дар Русия аз ин ҳам бадтар шавад.
Ориф Юнусов, як низоъшиноси озарӣ мегӯяд: "Ин хабари нав нест. Ман беҳуда нагуфтам, ин кор аз пеш буд. Дар 30 соли ахир вазъ аз ин ҳам бадтар буд. Солҳои 1990-ум мардумро ихроҷ мекарданд. Мо ҳоло дар бораи куштору ҳамлаву ваҳшигариҳо суҳбат мекунем. Пештар аз ин ҳам бадтар буд. Ҳоло барои ман ин масъала муҳим аст, ки оё баъди ин ихроҷи озариҳо ва рондани онҳо аз Русия ба кишварашон оғоз мешавад, ё не".
Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки таъқиби озаритаборон дар Русия яке дигар аз маъракаҳои ҳадафмандонаи мақомоти интизомии кишвар аст, ки ҳар сари чанд вақт бо мардумони кишварҳои дигари шӯравии собиқ анҷом медиҳанд.
Аз ҷумла, таҳлилгар Руслан Айсин мегӯяд: "Аввал гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноии чечентаборҳоро душман мегуфтанд. Пеш аз ин, агар дар ёд дошта бошед, узбеку тоҷику қирғизҳоро ном мебурдан, ки гӯё ба Русияи ба ҷон баробар иҷоза намедоданд, ки зиндагӣ ва пешрафт кунад. Ҳоло акнун гуруҳҳои ҷиноии озариҳо шудаанд. Ҳоло бисёр мешунавам, ки гӯё ҳамаи ҷомеаи озаритаборон ҷинояткор ҳастанд. Инҷо маълум аст, яъне мехоҳанд, бо ҷинояткор номидан, онҳоро бадном кунанд".
Дар пасманзари ин моҷаро, порлумони Озарбойҷон аз ширкат дар як нишасти муштарак бо вакилони порлумони Русия даст кашид. Сафари муовини нахуствазири Русия ба Бокуро ҳам лағв карданд. Кремл дар вокуниш гуфтааст, ки ин қарорҳои Озарбойҷон боиси таассуф аст. Робитаҳои Русия ва Озарбойҷон аз соли гузашта ба сардӣ гароид ва бахусус баъди онки Озарбойҷон Русияро ба сарнагун кардани як ҳавопаймои мусофирбар муттаҳам кард. Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои озарӣ дар моҳи декабр 38 нафар ҷон доданд.