Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дуюмин мусобиқаи "CAFA Nations Cup", ки аз 29-уми август то 8-уми сентябри имсол таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, "CAFA Nations Cup 2025" бо иштироки шаш дастаи минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон, инчунин ду тими даъватшуда – Уммон ва Малайзия - доир мегардад.
Қуръакашии дуюмин мусобиқаи байналмилалии "CAFA Nations Cup 2025" рӯзи ҷумъаи 3-юми июл баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим хоҳанд шуд.
Бозиҳо дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканд ва дар гурӯҳи «В» бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сурат мегиранд.
Бар асоси низомномаи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» рақобатҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯйи системи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии мусобиқа дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор барпо мегарданд.
Ёдовар мешавем, дар аввалин мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2023» дар Тошканд тими миллии Эрон дар бозии ниҳоӣ, ки 20-уми июн дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд бо ҳузури 34000 тамошогар доир гардида буд, бар мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро ҳамлагари эрониҳо Сардор Озмун дар дақиқаи 48-ум ба самар расонд.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм мунтахаби Уммон дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Голро Аршад Саид Алавӣ, бозигари уммониҳо, дар дақиқаи 71-ум зад.
Ҷоизаи «Fair Play» насиби тими миллии Узбекистон гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқа ва беҳтарин бозигарро ҳамлагари эронӣ Меҳди Торемӣ (6 гол) ба даст овард. Беҳтарин дарвозабони мусобиқа Иброҳим Солеҳ Ал-Муҳайнӣ аз тими миллии Уммон дониста шуд.