Тими миллии Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон ва Малайзия бозӣ мекунад

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup», ки аз 29-уми август то 8-уми сентябри имсол таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Эрон, Афғонистон ва Малайзия бозӣ мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025» бо иштироки шаш дастаи минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон, инчунин ду тими даъватшуда – Уммон ва Малайзия - доир мегардад.

Қуръакашии дуюмин мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025» рӯзи 3-юми июл баргузор шуд. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи «А» -

Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Уммон; гурӯҳи “В” – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Малайзия.

Бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканди Узбекистон ва гурӯҳи «В» дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон сурат мегиранд.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҷадвали бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025»-ро тасдиқ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар гурӯҳи «В» 29-уми август бо тими миллии Малайзия анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони тоҷик 1-уми сентябр бо тими миллии Афғонистон ва 4-уми сентябр бо тими миллии Эрон рақобат мекунанд.

Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор мешаванд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷои сеюм мубориза мебаранд.

Бозии ниҳоии мусобиқот дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор барпо мегарданд.

Натоиҷи қуръакашии «CAFA Nations Cup 2025»:

Гурӯҳи «А»

Узбекистон (мизбони гурӯҳ)

Қирғизистон

Туркманистон

Уммон

Гурӯҳи «В»

Тоҷикистон (мизбони гурӯҳ)

Эрон

Афғонистон

Малайзия

Тақвими бозиҳои «CAFA Nations Cup 2025»

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

29-уми август (ҷумъа)

Тоҷикистон - Малайзия

Эрон – Афғонистон

Даври 2-юм

1-уми сентябр (душанбе)

Афғонистон - Тоҷикистон

Малайзия – Эрон

Даври 3-юм

4-уми сентябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон - Эрон

Афғонистон - Малайзия

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «В» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.