Шатранҷбози наврас аз Тоҷикистон дар Иссиқкӯл медали тилло гирифт

Богдан Восколович

Богдан Восколович, шатранҷбози наврас аз Тоҷикистон, дар Ҷашнвораи байналмилалии шоҳмот "Issyk-Kul Open - 2025", ки рӯзҳои 20-30-юми июн дар шаҳри Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Ба иттилои Иттиҳоди шоҳмоти Қирғизистон, мусобиқаи шатранҷбозони навраси то 14-сола дар гурӯҳи “С” дар Маркази фароғатии “Солемар”, ки дар соҳили Иссиқкӯл ҷойгир аст, бо иштироки 35 нафар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Маҷористон (Венгрия), Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва FIDЕ (Федератсияи байналмилалии шоҳмот) доир гардид.

Шогирди мактаби махсуси захираҳои олимпии шумораи 7-и Душанбе Богдан Восколович дар нуҳ даври мусобиқа бо касби 7,5 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар гурӯҳи “С” Оқилбек Тентимишев (7,5 имтиёз) ва Амир Қанатбеков (6,5 имтиёз), ҳарду аз Қирғизистон, мутаносибан бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Боз як намояндаи Тоҷикистон – Алиҷон Мухторов – дар ин гурӯҳ бо 4,5 имтиёз мақоми 21-умро азони худ кард.

Богдан хонандаи синфи ҳаштуми мактаб-литсейи шумораи 3-и Душанбе барои кӯдакони лаёқатманд буда, дар мактаби шоҳмот аз устодаш Алишер Каримов дарси маҳорат меомӯзад.

Дарвоқеъ, мураббиаш Устоди FIDE Алишер Каримов дар Иссиқкӯл дар мусобиқаи бузургсолон дар гурӯҳи “А” бо 6 имтиёз дар байни 44 нафар ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Инчунин шатранҷбози тоҷик Нозанин Маҳмудова дар гурӯҳи “В” бо 5,5 имтиёз дар миёни 56 нафар ҷойи 15-умро гирифт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Антонова дар қаҳрамони шоҳмоти Осиё дар “рапид” медали биринҷӣ гирифтГукеш ҷавонтарин қаҳрамони шоҳмоти ҷаҳон шудТоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот: мардон - 63-юм, занон - 70-ум