Ҳамзамон рӯзи 3 июн бо қабули кардани эътимодномаи сафири нави Толибон дар Маскав, парчами ҳукумати пешини Афғонистон дар сафорати ин кишвар дар Маскав поин кашида шуд ва парчами Толибон боло рафт.
Андрей Руденко, муовини вазири корҳои хориҷии Русия аз Гул Ҳасан, сафири тозатаини Афғонистон дар Русия, нусхаи эътимодномаро қабул кард.
Ҳамин тариқ, Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати зери роҳбарии гурӯҳи Толибонро, ки дар бисёре аз кишварҳо созмони террористӣ дониста мешавад, расман эътироф кард.
Қаблан дар Русия фаъолияти Толибон мамнӯъ буд, аммо моҳи декабри соли 2024 Думаи давлатӣ қонунеро тасвиб кард, ки Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ карда шавад. Рӯзи 17 апрели соли равон Додгоҳи олии Русия манъи фаъолияти Толибон дар Русияро бекор кард.
Хабаргузории ТАСС аз қавли вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки тасмими ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо пешниҳоди Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гирифта шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Толибон аз дигар кишварҳо хостааст, ки аз ин иқдоми Русия пайравӣ кунанд.
Дар вокуниш ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон аз сӯи Русия, Насир Аҳмад Фоиқ, намояндаи доимии Афғонистон дар СММ гуфт, ки ба расмият шинохтани ин гурӯҳ аз сӯи кишварҳое, ки дар 20 соли гузашта пуштибонашон буданд, ҷойи тааҷҷуб надорад.
Вай гуфт, "вале пурсиш ин аст, ки оё ин шиносоӣ таъсире бар вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башарии Афғонистон ва мардуми он, ки бо фақр, бекорӣ ва бесарнавиштӣ рӯбарӯ ҳастанд, хоҳад дошт ё не".
Вай дар идома гуфтааст, "ҷавоби ошкор аст, ки ин ҳаракати сиёсӣ зоҳиран ба нафъи Толибон аст ва баръакс, таъсири бади он ба мардуми Афғонистон ба маротиб бештар ва дарозмуддат хоҳад буд".
Гурӯҳи Толибон дар моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Кобул ба даст гирифт. Аз он замон то кунун ҳеҷ яке аз кишварҳои ҷаҳон ҳукумати ин гурӯҳро, ки худро "Иморати исломии Афғонистон меномад", ба расмият нашнохтааст.
Ҳукумати қаблии Толибонро (солҳои 1996-2001), Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба расмият шинохта буданд. Аммо дар пайи ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш дар тирамоҳи соли 2001, ҳукумати ин гурӯҳ сарнагун шуд.
Ин гурӯҳ тавонист, ки баъд аз бист сол ҷангҳои хунин бо нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва сарбозони ҳукумати Афғонистон, дар 15 августи соли 2021 боз ба қудрат баргардад.
Толибон барои нақзи ҳуқуқи башар ва озодии баён, маҳдуд кардани фаъолиятҳои занон ва таҳсили духтарон, аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ шадидан интиқод мешаванд.