Марги ду низомии рус дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи гузашта ду шаҳрванди Русия ба ҳалокат расидаанд, яке ба гуфтаи мақомот худкушӣ кардааст, дигарӣ дар тасодуф ҷон додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода имрӯз хабар дод, ки Дамир Менклиеви 39-сола, корманди пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон “рӯзи 1-уми июл дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти Лучоб” дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ба дор овехтааст.

Сабабҳои худкушӣ маълум нест ва қазияро мақомот таҳқиқ мекунанд. Аз ин пештар ҳамин кумита эълон кард, ки Вадим Сиганов, сарбози пойгоҳи мазкур рӯзи 26-уми июн ҳангоми параплансаворӣ дар ноҳияи Варзоб ба замин афтода, ҷон додааст.

Ҷасади ӯро наҷотбахшони тоҷик аз як макони душворгузари кӯҳӣ пайдо карда ба хонаводааш супурдаанд. Пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии он кишвар дар хориҷ аст ва дар он тақрибан 7 000 сарбоз хидмат мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Таҳдид карданд." Парвандаи сарбози рус дар Тоҷикистон баста шуд, вале..."Ба ин низом бовар надорам." Интиқоли сарбози захмӣ аз Душанбе ба Русия