Мақомоти Русия: танҳо як гумонбари "Крокус" изҳори пушаймонӣ кард

Фаридуни Шамсиддин дар додгоҳ

Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия мегӯяд, фақат яке аз гумонбарони асосӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус "тамоми гуноҳҳояшро эътироф" ва аз амалкардҳояш изҳори пушаймонӣ кардааст. Хабаргузорӣ чанд рӯз аст, ки ҷузъиёти парвандаи ҳамлаи пурқурбонӣ ба ин толори консертӣ дар канори Маскавро нашр мекунад, вале ҳеч чизе аз гуфтаи вакилони дифои муҳоҷирони тоҷик наовардааст.

ТАСС рӯзи 30-уми июн навишт, ки бо эътирофоти Фаридуни Шамсиддин аз парвандаи ӯ ошно шудааст. "Ба гуноҳаш комилан эътироф кард. Аз кардааш пушаймон аст,"-навиштааст ТАСС.

Фаридуни Шамсиддинро бо амри додгоҳи Маскав шаби 24-уми март бо иттиҳоми "анҷоми амалиёти террористӣ" боздошт карданд ва гуфтанд, ки ӯ чанд рӯз қабл аз ҳодиса аз Туркия ба Маскав омадааст. Назари вакили дифои Фаридуни Шамсиддин дар ин хабар оварда нашудааст. Аммо шеваи боздошту латӯкуби бераҳмонаи чор муҳоҷири тоҷик баъди ҳамла, сабаби хашми мардум шуд ва ин шубҳаву гумонро барангехт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба гардан гирифтаанд.

Чор гумонбари асосии ҳамла ба "Крокус"

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, се гумонбари дигар ба ҷиноят Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода ва Далерҷон Мирзоев, агарчӣ ба гуноҳи хеш иқрор шудаанд, вале аз кардаашон изҳори пушаймонӣ накардаанд.

Маъмурони амниятии Русия вақти боздошт гӯши яке аз муттаҳамонро бурида ва дигариро ба ҳадде зада буданд, ки дар аробаи маъюбон ва беҳушу беёд ӯро ба додгоҳ оварда буданд. Дигариро порчае аз селофан дар гардан оварда буданд, ки умдатан барои нафасгир кардан истифода мебаранд.

Дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус дар канори Маскав дар рӯзи 22-уми марти соли гузашта 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд. Дар умум мақомоти Русия 19 нафарро ба анҷоми ин ҳамла муттаҳам мекунанд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар он замон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт, аммо ҳафтае пештар хабаргузории ТАСС навишт, ки ин ҳамларо бо амри Хадамоти махсуси Украина анҷом додаанд. Иддаое, ки ин кишвар рад кардааст.

Ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" ҷомеаи Тоҷикистонро ваҳшатзада кард ва баъди он мақомоти Русия ба амалиёти густурда ва олуда бо бадрафториро ба зидди муҳоҷирони тоҷик оғоз карданд.