Ду тифли дигари Мадина Ҳалимоваро ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд

Дарёи Сурхоб

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб бо ёрии сокинони маҳаллӣ ҷустуҷӯи ҷасади ду тифли дигари Мадина Ҳалимоваро идома медиҳанд.

Латофат Абдуллохонзодаи панҷ ва Ёсамин Абдуллохонзодаи дусола то ҳол пайдо нашудаанд. Рӯзи 2 июл дар шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Фархор гуфтанд, ки бояд як дастаи дигари наҷотбахшон аз маркази вилояти Хатлон ба Фархор омада дар амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади тифлон ҳамроҳ шаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, чанд соат баъди фоҷеаи ба рудхонаи Сурхоб партофтани чор кӯдак аз ҷониби модарашон ҷустуҷӯи ҷасадҳо акнун дар дарёи Панҷ идома дорад, чун оби дарёи ноҳия ба он ҷо ворид мешавад.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки хост номаш нашр нашавад, рӯзи чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт: “То ҳозир бо мардум то дарёи Панҷ кофта истодаем ва ҳоло ҳам ду ҷасад пайдо нашудааст. Ҳозир як дастаи дигар аз вилоят ҳамроҳи мо пайваст мешавад ва ҷустуҷӯро дар дарёи Панҷ идома хоҳем дод”.

Фоҷеа шаби 29 ба 30 июн дар ноҳияи Фархор рух дод. Додситонии ноҳияи Фархор барои ба об партофтани чор фарзандаш зидди Мадина Ҳалимоваи 27-сола аз рӯи моддаи "куштор" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин фоҷеа кӯдакон нобуд шуда, худи зан тавонистааст аз об зинда берун шавад. Рӯзи 30 июн ҷасади Муҳаммад Шарифзодаи семоҳа ва Зайнаб Абдуллохонзодаи сесола пайдо шудааст ва ҷустуҷӯи ду кӯдаки дигар идома дорад.

Рӯзи 1 июл як масъули Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ ва бунгоҳи “Азия Плюс” дар шарҳи ҷузъиёти фоҷиа гуфт, сабаби ин амали зан "баҳси хонаводагӣ, яъне баҳси дузанагии шавҳараш" будааст.

Дар ҳамин ҳол, наздикони шавҳари Мадина дар як тамоси катбӣ бо Радиои Озодӣ шоми 1 июл иддао карданд, ки Ҳалимова бемории рӯҳӣ дошта ва мунтазам ӯро табобату дуохонӣ мебурданд. Тасдиқи ҳуҷҷатии ин иддао дастрас нест. Онҳо зани дуюм доштани писари худро рад карданд ва гуфтанд, ки зиндагии хубе доштанд. Дар орзуи писар будаанд ва ҳамагӣ ду моҳ пеш соҳиби писар шудаанд.

Феълан маълум нест, назари хешовандони худи зани гумонбар дар фарзандкушӣ чӣ мебошад, аз ҷумла ин ки то куҷо ӯ дучори мушкилоти равонӣ ва таҳти табобати муассисаҳои тиббӣ будааст.

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои дар рӯду наҳрҳо ғарқ шудани модару фарзандонаш дар гузашта ҳам рӯй додааст ва дар аксар ҳолатҳо мақомот онро натиҷаи хушунати хонаводагӣ номидаанд.

Вале намояндагони мақомот ва ҳам фаъолони ҳуқуқи зан ҳамзамон эътироф мекунанд, ки таҳқиқу омӯзиши сабабҳои амиқрафти мушкили хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон хуб ва амиқ ба роҳ монда намешавад. Ҳамчунин ба таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва равонии занон пас аз зоймон диққати зиёд дода намешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Хабари зани дуюм", "бо мақсади қасос"... Чаро Мадина Ҳалимова бо чор кӯдакаш ба дарё парид? Мадина Ҳалимова дар робита бо ғарқшавии фарзандонаш ҳабс шудааст