Бо наздик шудани неруҳои Русия ба вилояти Днепропетровски Украина, касоне, ки қаблан аз ҷанг фирор карда буданд, дубора маҷбуранд хонаҳои худро тарк кунанд.
Кӯчондани сокинони деҳаҳои наздик ба Донетск идома дорад. Бошандагони ин рустоҳо намедонанд оё боз хонаҳои худро хоҳанд дид ё не.
Дамири шашсола аз ноҳияи ҷангзадаи Покровский дар вақти тарки хонаи бобову бибиаш гиряи худро нигоҳ дошта наметавонад. Ин хонавода дар вилояти Днепропетровск зиндагӣ мекунанд.
"Чаро гиря мекунӣ?" - мепурсад Николай, бобои Дамир. "Модар, хоҳар ва бародарат ҳамроҳи ту мераванд. Ту бо ин корат онҳоро зиқ мекунӣ."
Хонаводаи Дамир дар Покровск хона сохта, вале баъди таҷовузи Русия маҷбур шуданд, манзилашонро тарк кунанд. Ҳоло ин оила дубора аз ҷанг мегурезад. Дамир ва пайвандонаш зиёд умед надоранд, ки хонаи худро дар Покровск боз мебинанд.
"Ман ҳатто намедонам, ки хонаи ман обод аст ё не. Фақат медонам, ки манзилҳои атроф ҳама сӯхтаанд,"-мегӯяд Валентина, бибии Дамир.
Валентина дар суҳбат бо телевизиони Настояшее время гуфт, "деҳае, ки кӯдакони мо зиндагӣ мекарданд, аз рӯи замин нест карданд."
Тобистони имсол маъмурияти вилояти Днепропетровск эълон карданд, ки сокинони чанд деҳаи наздимарзиро мекӯчонанд. Аз рӯи тартиби мақомот, дар навбати аввал занон ва кӯдакон бояд ба ҷойи амн бурда шаванд.
Дар моҳҳои ахир ҳамлаҳои неруҳои Русия ба вилояти Днепропетровск, бахусус маркази шаҳри Днепр бештар шудааст.
Сергей Лисак, волии вилоят мегӯяд, Днепропетровск тақрибан ҳамарӯза мавриди ҳамлаи артиши Русия қарор мегирад. Зерсохтори иҷтимоӣ ва хонаҳои сокинон ба гуфтаи волии вилоят, зери хатари доимӣ ҳастанд.
Нерӯҳои Русия талош доранд, ки тамоми қаламрави вилояти Донетскро ишғол кунанд ва дар ин роҳ ба минтақаи ҳаммарз бо Днепропетровск низ ҳамла мекунанд.
Амелия, хоҳари қаҳрамони гузориши мо Дамир мегӯяд, "ҷанг ҳарчӣ бештар наздик мешавад. Мо садои таркиш ва тирпаррониро мешунавем. Мехоҳем аз ин ҳама дуртар бошем."
Ҳоло танҳо занон ва кӯдаконро ба ҷойи амн мекӯчонанд. Мардон бо умеди беҳтар шудани вазъият, феълан дар ҷойи зисташон мемонанд.
"Ман барои наберагон ва фарзандонам ғам мехӯрам, барои худам не,"-мегӯяд Микола. Ҳамсуҳбати мо бо ханда дар лаб афзуд, "ман панҷшохаро гирифта, инҷоро муҳофизат мекунам."
Рӯзи 20-уми май телеграм-каналҳои наздик ба артиши Русия хабар паҳн карданд, ки неруҳои русӣ ба марзи вилояти Днепропетровск расидаанд. Онҳо акси се низомии русро нашр карданд, ки дар марзи вилоятҳои Донетск ва Днепропетровск бо парчами Русия аксбардорӣ шудаанд.
Аммо волии вилояти Днепропетровск ин хабарро "фейк" номид.
Фармондеҳии артиши Украина низ изҳороти Вазорати дифои Русия дар бораи ҳамла ба вилояти Днепропетровскро рад кард.
"Ин маълумот воқеият надорад. Ҷанг дар вилояти Донетск идома дорад. Душман ба вилояти Днепропетровск ворид нашудааст,"- гуфт, Андрей Ковалев, намояндаи маркази фармондеҳии артиши Украина ба рӯзномаи "Украинская правда".