Дар Душанбе маркази визаи Литва баста мешавад. Сабаб чист?

Маркази визадиҳӣ дар Душанбе.

Вазорати корҳои дохилии Литва қарор кард, марказе, ки дар Тоҷикистон барои хоҳишмандони кор дар ин кишвар иқомати муваққатии зист медиҳад, тирамоҳи имсол баста шавад.

Вазорат бо ин қарораш далелҳои Хадамоти муҳоҷиратро дастгирӣ кардааст, ки мегӯяд, қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон шартҳои қонунии будубош ва кор дар Литваро вайрон ва мутобиқ ба қарордоди кор амал намекунанд. Маркази визадиҳии Литва дар Тоҷикистон асосан сохтмончиён ва ронандагони мошинҳои борбарро ба кор қабул мекунад. Бархе муштариҳои ин марказ дар Душанбе аз хабари баста шудани он нороҳат шуданд.

Маркази таҳияи иҷозаи иқомат дар Литва дар шаҳри Душанбе бар асоси қарори вазири корҳои дохилии Литва аз 22 октябри имсол баста мешавад. Ин муассиса давоми ду соли гузашта ба тахминан 6500 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи иқомати муаққатӣ додааст. Ин санад, ба гуфтаи Эвелина Гудзинскайте, раиси Хадамоти муҳоҷирати Литва, дар муддати аз 6 моҳ то 2 сол иҷозаи ко рва зиндагӣ дар ин кишварро фароҳам мекунад.

Дар як сӯҳбати видеоӣ аз шаҳри Вилнюс Эвелина Гудзинскайте гуфт, таҳқиқи мақомот нишон дод, ки тахминан нисфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ин барнома вориди Литва шудаанд, «қоидаҳои муҳоҷиратро» вайрон кардаанд.

Ӯ афзуд: «Аз соли 2023 то имрӯз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Литва панҷ баробар зиёд шуд. Аксарашон барои кор омадаанд. Мо дидем, ки беш аз нисфи онҳо дар санадҳо гуфтаанд, ки барои кор дар ширкати муайяне мераванд, вале вақте иҷозаи иқомат гирифтанд ё корро аз рӯи қарордод дар он ширкат ба анҷом нарасониданд ё базудӣ қарордодро қатъ кардаанд. Ин ба он маъност, ки мақсади асосии ба Литва рафтани онҳо на кор дар ширкати муайян, балки дигар мебошад».

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маркази визаи Литва дар Душанбе баста мешавад

Раиси хадамоти муҳоҷирати Литва бастани муассисаро дар Тоҷикистон як чораи пешгирӣ аз «хатари афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ” номид ва гуфт, имкони гирифтани иҷозати кор барои тоҷикистониҳо дар дохили Литва фароҳам мебошад.

Вале Хусрав Муҳаммадзода, намояндаи ҷомеаи тоҷикони Литва ба нашрияи LRT гуфтааст, баста шудани ин марказ дарёфти иҷозаи корро барои шаҳрвандони Тоҷикистон душвортар мекунад ва боиси афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ мешавад.

Муҳаммадзода, аз ҷумла, гуфтааст: “Дар сурати баста шудани маркази виза дар Тоҷикистон, гирифтани иҷозаи кор дар Литва сахттар мешавад. Ин боиси кам шудани нерӯи корӣ дар кишвар мегардад. Агар марказ баста шавад, шумори муҳоҷироне, ки мехоҳанд ғайрқонунӣ вориди Литва шаванд, афзоиш меёбад, чунки роҳҳои қонунӣ баста мешаванд. Фикр мекунам, ки муҳоҷирати кории ғайриқонунӣ меафзояд. Мардум бо умеди даромадҳои бештар талош мекунанд вориди Аврупо шаванд”.

Дар ҳамин матлаби нашрияи маҳаллӣ Эрландас Микенас, президенти Анҷумани миллии ширкатҳои борбар ҳам дурустии қарори мақомотро зери суол бурда гуфтааст, дар кишвар 10 ҳазор ронандаи мошини боркаш намерасад.

Микенас, аз ҷумла, гуфтааст, дар кишвар 8 ҳазор ширкати нақлиётӣ фаъолият мекунад ва шароити ҳар яки онҳо аз ҳам фарқ мекунад. "Ҳоло идораҳои давлатӣ ба ҷудо кардани коргарон аз рӯи меъёри "кишварҳои дӯст" ва "кишварҳои нодӯст", шурӯъ кардаанд, гуфт ӯ.

Қарори маҳдуд кардани ҷараёни додани иҷозати корӣ дар Литва барои тоҷикистониҳо дар ҳолест, ки дар гузашта ҳолатҳое буданд, ки ронандагони тоҷик аз тарзи бархӯрди нодурусти кордиҳандагон дар Литва, ёрӣ нарасонидан ба ҳангоми мушкилоти техникӣ дар роҳ ва бор кардани қарзҳои калон ба дӯши ронандагон чун далелҳои дилсардии ронандагон аз кор баён кардаанд.

Эвелина Гудзинскайте гуфт, мақомоти Литва аз чунин ҳолатҳо огаҳ ҳастанд. Ӯ гуфт: "Чунин ҳолатҳо, ки кордиҳанда талош мекунад коргарро азият кунад, вуҷуд доранд. Ин боиси таассуф аст. Дар чунин ҳолатҳо ман аз тоҷикистониён даъват мекунам, ки ба иттифоқҳои касаба аъзо шаванд, чун онҳо воқеан ҳам дар ҳимоят аз ҳуқуқи коргарон муассир ҳастанд. Мо дар соҳаи бору таъминот иттиҳодияҳои синфии қавӣ дорем, ҳуқуқшиносони ройгон доранд, ки барои пешгирӣ аз поймол шудани ҳаққашон ёрӣ медиҳанд".

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон муштариёни маркази визадиҳӣ, ки ҳама бо умеди кор ба ин ҷо меоянд, аз хабари бастани марказ нороҳат шуданд. Онҳо мегӯянд, ин муассиса имкони дарёфти кор ва таҳияи расмии санадҳоро дар дохили ватанашон фароҳам мекард, вале баъди ин боз мушкилтар мешавад.

Яке аз онҳо Хумайнӣ Туфалангов, сокини ноҳияи Масчоҳ аст, ки мегӯяд, дар пасманзари фишор болои муҳоҷирон дар Русия, мехоҳад дар сохтмоне дар Литва ба кор қабул шавад. Ӯ гуфт, ки ҳоло кор ёфтан дар берун аз Тоҷикистон бисёр душвор шудааст.

"Душвортар мешавад. Мардум боз тарафи дигар ҷо мераванд, тарафи Тошканд. Чанд бачаҳо тарафи дигар ҷойҳо, Қазоқистон рафтанд, гуфтанд, "шумо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастед", гардонданд. Ин марказҳо охир дар Тоҷикистони худамон ҳастанд, нағз аст охир".

Ронандаи мошини боркаш Юсуф Сафаров ба маркази визадиҳии Литва аз ноҳияи Рӯдакӣ омадааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мехостам барои ду сол иҷозаи иқомат таҳия кунам. Оилаам калон аст, бояд хона созам. Бачаҳоро тӯй кардан даркор. Мушкил зиёд аст, худатон мефаҳмед".

Бастани марказ дар ҳолест, ки солҳои охир Иттиҳоди Аврупо талош дорад майли кишварҳои Осиёи Марказиро ба Русия камтар кунад. Радиои Озодӣ аз Гудзинскайте пурсид, оё тасмимгириҳои давлати Литва хилоф бо нақшаҳои наздиктар шудани Аврупо бо Осиёи Марказӣ нест?

Ӯ гуфт: "Ман сиёсатмадор нестам, як мақоми иҷрокунанда ҳастам. Мо давоми ду сол вазъиятро мушоҳида мекардем, мутаассифона, ин ташаббуси хуб аз ҷониби афроде, ки қоидаҳои муҳоҷиратро давр задаанд, осеб дид. Яъне онҳое, ки мақсадашон ин буд, ки бо ҳар роҳ ба Иттиҳоди Аврупо ворид шаванд".

Мақомот дар Тоҷикистон то ҳол ба ин хабар вокунише накарданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Як мақоми Литва хостааст, маркази визадиҳӣ барои тоҷиконро бубандандМуҳоҷирон дар соли 2024 ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллар фиристодаандАз Русия дилсард шуда, ба Аврупо рафтам" (Рӯзгори муҳоҷир#28)