Тасмими ҳукумат барои ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ барои телефонҳои ҳамроҳ, фурӯшандаҳо ва ҳам харидоронро нигарон кардааст. Ба гуфтаи тоҷирон, маблағи боҷи гумрукӣ болои арзиши телефон зам мешавад ва нархи дастгоҳ боло хоҳад рафт. Харидорон мегӯянд, нархи телефон бе ин ҳам дар Тоҷикистон баланд асту набояд аз ин ҳам гаронтар шавад.
Қарори ҳукумат дар бораи ҷорӣ кардани 20 дарсад боҷи гумрукӣ, аз рӯзи 1-уми июл амалӣ мешавад. Ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз ҳама телефонҳо, ҳатто аз телефонҳое, ки барои истифодаи шахсӣ оварда мешаванд, боҷи гумрукӣ ситонида хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон шарҳ надоданд, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ барои телефонҳо чист. Рӯзи 30-юми июн дар Хадамоти гумрук барои шарҳи мавзӯъ мактуби расмӣ талаб карданд.
як мағозаи фурӯши телефон дар Душанбе
Самариддин Нуриддинов, фурӯшандаи телефон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҷорӣ шудани боҷи гумрукӣ, онҳо низ маҷбуранд нархи телефонро боло баранд.
"Дар арзиши телефон тағйирот мешавад, зеро вақте IMEI шуд, маблағи он дар болои нарх зам шуд. Боҷи гумрукӣ ҳам дар болои нархи телефон илова мешавад. Муваққатан савдо суст мешавад,"-афзуд ӯ.
Ин бори дуюм аст, ки ҳукумат барои овардани телефонҳои ҳамроҳ молиёт ва боҷи давлатӣ таъйин мекунад.
Шурӯъ аз соли 2023, барои овардани телефон ба Тоҷикистон аз ҳар дастгоҳ 14 дарсад андоз аз арзиши иловашуда (вобаста ба арзиши телефон) ва 10 доллар хироҷи гумрукӣ ситонида мешавад. Танҳо баъди супоридани маблағ, рақами IMEI-и телефон сабт ва дастгоҳ дар Тоҷикистон кор мекунад. Чунин пардохтҳо бо ҷорӣ гардидани боҷӣ 20 дарсадӣ низ амал мекунанд. Ба ҳисоби миёна, акнун аз як телефоне, ки 5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, бо назардошти пардохтҳои IMEI, хироҷ ва боҷи гумрукӣ 1800 сомонӣ ситонида мешавад.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сар аз якуми июл вуруди телефони ҳамроҳ 20% боҷи гумрукӣ хоҳад дошт
Сокинон мегӯянд, аз ҳоло телефон дар бозорҳои Тоҷикистон гарон шудааст.
Ҳусейн, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 30-юми июн дар фурӯшгоҳи "Садбарг" нархи телефонҳоро мепурсид. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "бе ин ҳам нархи телефон гарон аст. Мардум ба ҳамин зӯраш намерасад. Боз вазнитар мешавад."
Сайёра Носиршоева, сокини дигари Душанбе ҳам бар ин назар аст, ки боҷӣ нав барои телефонҳои мобилӣ, дар ниҳоят ба ҷайби харидорон зарба мезанад.
Мақомот ба ҷуз нашри хабарномаи расмӣ, дигар ҷузъиёт намедиҳанд. Мақомот дар гузашта борҳо аз ҷустуҷӯи манбаъҳои нави ситонидани молиёт барои пур кардани буҷа суҳбат кардаанд. Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби андоз, ҷарима ва боҷҳои гумрукӣ пур мешавад. Соҳибкорон низ борҳо аз гаронии молиёт шикоят кардаанд.