Ӯ дар моҳи феврали имсол дар доираи парвандаи пурсару садои "кӯшиши табаддулот" бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, ба 18 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш ва наздиконаш аз ҳукм розӣ нестанд.
Яке аз наздикони Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 1-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта пеш дар зиндони воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ҳамсару писараш бо Шокирҷон Ҳакимов ҳузурӣ мулоқот намуда, аз аҳволаш хабардор шудаанд.
"Хароб шудааст, 14-15 кило вазнаш кам шудагӣ. Баъзе доруҳои даркорӣ, дору барои қалбу пешгирӣ аз ғафсшавии хунро барояш дастрас кардаем. Аз шароит ва муомилаи маъмурони маҳбас шикоят надошт. Фақат аҳволпурсӣ кардем. Хубам гуфтанд",-афзуд, ҳамсӯҳбати мо, ки бо далели пеш наомади мушкил нахост номаш ифшо шавад.
Мулоқоти наздикони Шокирҷон бо ӯ дар пай муроҷиатҳои батакрорашон ба додситониву додгоҳ сурат гирифтааст. Қаблан хонаводаи ин сиёсатмадор нигаронӣ доштанд, ки мақомот иҷозаи дидор бо ӯро намедиҳанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, наздикони бархе аз сиёсатмадорони дигар ҳам, ки дар доираи парвандаи "кӯшиши табаддулот" зиндонӣ шуда буданд, дар ҳафтаҳои ахир бо онҳо мулоқот кардаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали имсол ҳамроҳи Шокирҷон Ҳакимов чеҳраҳои дигари маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси ҲДТ, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини ҳизби демократ, Абдулфайз Атоӣ, дипломати собиқ, Рухшона Ҳакимова рӯзноманигор ва ду сарҳанги амниятро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, кӯшиши табаддулот ва ғасби ҳокимият аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард. Шикояти онҳо аз болои ҳукми додгоҳ бетағйир гузошта шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пас аз як соли зиндон наздикон ба дидори Шокирҷон Ҳакимов муваффақ шудаанд