Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи паҳлавони машҳури турк Яшар Доғу, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон ва Аврупо, ки рӯзҳои 26-29-уми июн дар шаҳри Коҷаэлии Туркия баргузор шуд, ду медали тилло ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки миёни мардон аз рӯи 10 вазн сурат гирифт, варзишгарони беш аз 20 кишвар иштирок карданд. Ду паҳлавони тоҷикистонӣ ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф шуданд.
Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кило дар даври ниҳоӣ муқобили Ислом Ҳусейнов аз Беларус дастболо шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Магомед Евлоев дар вазни то 79 кило дар даври ниҳоӣ бар Рамазон Сарӣ аз Туркия пирӯз гардид.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Магомед Евлоев дар вазни то 74 кило медали нуқра ва Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кило медали биринҷӣ гирифта буданд.
Абдулмаҷид Кудиеви 25-сола ва Магомед Евлоеви 26-сола, ки ҳарду зодаи Русия мебошанд, шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфтаанд ва аз ибтидои соли 2023 ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дохиланд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии гуштии озод «Яшар Доғу – 2025»:
57 кг
1. Амон Амон (Ҳиндустон)
2. Раҳул Раҳул (Ҳиндустон)
3. Юсуф Демир (Туркия)
3. Муҳаммад Каравус (Туркия)
61 кг
1. Эмран Орманоғлу (Туркия)
2. Удит Удит (Ҳиндустон)
3. Сардор Рӯзимов (Узбекистон)
3. Раҷаб Топал (Туркия)
65 кг
1. Абдулмаҷид Кудиев (Тоҷикистон)
2. Ислом Ҳусейнов (Беларус)
3. Кавит Ачар (Туркия)
3. Роҳит Роҳит (Ҳиндустон)
70 кг
1. Ҳайдар Явуз (Туркия)
2. Начин Куулар (Қазоқистон)
3. Умут Эрдуғон (Туркия)
3. Вишал Калирамана (Ҳиндустон)
74 кг
1. Нуркожа Кайпанов (Қазоқистон)
2. Рамазон Рамазонов (Булғористон)
3. Сайфулло Итаев (Фаронса)
3. Ҷаъфар Чулибоев (Узбекистон)
79 кг
1. Магомет Евлоев (Тоҷикистон)
2. Рамазон Сарӣ (Туркия)
3. Иброҳим Япрак (Туркия)
3. Ҷабраил Гаҷиев (Озарбойҷон)
86 кг
1. Алӣ Тсокаев (Озарбойҷон)
2. Азамат Давлатбеков (Қазоқистон)
3. Алперен Атар (Туркия)
3. М-Ҳабиб Кадимагомедов (Беларус)
92 кг
1. Аҳмад Батаев (Булғористон)
2. Алперен Токгёз (Туркия)
3. Эмирхон Қилич (Туркия)
3. Дипак Пуния (Ҳиндустон)
97 кг
1. Ризобек Айтмухан (Қазоқистон)
2. Аҳмад Магамаев (Булғористон)
3. Александр Гуштин (Беларус)
3. Расул Гюне (Туркия)
125 кг
1. Муҳсин Мансур Сияр (Олмон)
2. Алишер Ергалӣ (Қазоқистон)
3. Георгий Иванов (Булғористон)
3. Хоқон Бюкчингюл (Туркия)
Гуфтугӯ